Вазъи Қазоқистон ҳар яки моро ҳушдор месозад

Вазъи Қазоқистон ҳар яки моро ҳушдор месозад

Имрӯзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Ифротгароӣ дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркиби аҳолии давлатҳо ба хусус ҷовонон гардида истодааст.

Мутобиқи назар ва таҳлилҳои коршиносони масоили мазкур даҳсолаҳои охир ин падидаи хавфнок бештар дар давлатҳои Шарқи исломӣ ва инчунин дигар давлатҳои ҷаҳони Аврупо ва Амрико вусъати тоза мегирад, ки дар натиҷаи он қисме аз аҳолии бегуноҳи ин давлатҳо ҳалок ва маҷруҳ мегарданд ва дар замири он давлатҳо ва аҳолии ин кишварҳо бо оташи ҷанг ва нооромиҳо кашида мешаванд.

Бояд ин нуқтаи муҳимро ишора намуд, ки авҷи ҳаракатҳои таҳрибӣ ва вусъат ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таасуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳудуд ва андозаи таъсири ин омили хавфнок рӯз аз рӯз дар байни мамлакатҳои ҷаҳон вусъат мегирад ва барои амнияти кишварҳо хатарҳои зиёдеро ба бор меоварад. Болотар аз ин амали чунин таҳаввулоти номатлуби замон боиси халалдор гардидани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида истодааст.

Терроризм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумла он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд.

Муноқишаҳои сиёсӣ, задухурдҳо ва амалҳои террористие, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон аввали моҳи январ рух доданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин зуҳуроти номатлуби ин кишвар гуруҳҳои махсуси ифротгароӣ, экстремистию террористӣ ҳам аз дохили кишвар ва ҳам аз хориҷ даст доранд. Ман фиккр мекунам, ки дар ин гуруҳҳои хатароваре, ки мехостанд дар Қазоқистон таҳавуллоти ҳарбиро ба амал оваранд ба ғайр аз “Хоҷаҳо”-и хориҷӣ ва гуруҳҳои махсуси зиддиҳукуматии дохилӣ, инчунин он шаҳрвандоне низ даст доранд, ки бо ҷиноятҳои вазнини содиркардаашон аз озодӣ ба мӯҳлатҳои гуногун маҳрум шуда буданд ва имрӯз ба озодӣ баромаданд.

Ана ҳамин кинаву ғазна чунин ҷинояткорони собиқро низ бо дахолати “Хоҷаҳо”-и хориҷӣ ба ҷинояти навбатии зидди ҳукуматӣ тела доданд.

Хушбахтона, дар натиҷаи маҳорати баланди нерӯҳои қудратии Қазоқистон ва кумакҳои нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дастаҳои ҷинояткори кишвари Қазоқистон безарар, дастгир ва вазъ нисбатан ором гардидааст.

Ҳоло нерӯҳои посдори сулҳи СААД барои пурра барқарор намудани оромии Қазоқистон дар ин мамлакат қарор доранд ва аз вазъи сиёсии ин мамлакат ҳамаҷониба назорат ва дифоъ менамоянд.

Воқеаҳои сиёсии Қазоқистон, ки боиси марги садҳо нафар шаҳрвандон гардид, нишон дод, ки гуруҳҳои хатарноки ифротгаро – террористону экстремистон мақсад доранд, ки вазъи минтақаи Осиёи Марказиро низ бо ҳар баҳона ва роҳу воситаҳои ҳиллагарона ноором созанд. Бинобар ин вазъияти Қазоқистон ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ҳушдор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар суханҳои бофтаю туҳматангези ҳизбу ҳаракатҳои тундравӣ бовар накунем ва ҳамчун соҳибватану соҳибмулк барои амнияту оромии Ватани хеш дар талош бошем.

Дар ин ҷода месазад, ки ин мисраъҳои самимонаи устоди зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро пеши назар орем, ки гуфтааст:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Барои Тоҷикистон мафҳуми сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо назардошти он, ки барои асорат ва нооромиҳои шадиди сиёсиро аз сар гузаронидааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад дар мавриди ҳифзи амнияти кишвар масъулиятшинос бошад ва ҳушёрии сиёсиро боло бардорад.

Моро бори дигар зарур меояд, ки дар мубориза ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир тайёр бошем ва тавонем, ки ин падидаҳои хатароварро аз байн барем.

Азизов Асомуддин – сардори маркази таълимӣ – тренингии “Ганҷинаи мероси адабии Хатлон ва асрори пешвоӣ”-и Донишгоҳи давлатии Данғара