ШОҲИЁН Н.Н: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раванди ҳимоя ва сарфароз гардонидан ба дараҷаҳои илмӣ метавонад мақоми махсус дошта бошад.

ШОҲИЁН Н.Н: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раванди ҳимоя ва сарфароз гардонидан ба дараҷаҳои илмӣ метавонад мақоми махсус дошта бошад.

ШОҲИЁН Н.Н:  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раванди ҳимоя ва сарфароз гардонидан ба дараҷаҳои илмӣ метавонад мақоми махсус дошта бошад.

Ташкил ва ба фаъолият шуруъ намудани Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» як падидаи неки замони соҳибистиқлолии кишвар буда,  бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат арзи вуҷуд дошта, тайи солҳои фаъолияташ ин иқдом имконият фароҳам овард, ки яқ қатор олимону муҳаққиқони умедбахши кишвар соҳиби дараҷа ва унвони илм гарданд.

Дар доираи иҷрои масъалаи ташкил ва муаррифии  Комиссияи олии аттестатсионӣ Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ-роҳбари муваффақ ва эҷодкор, олими шинохтаи аз нигоҳи мо дорои хислатҳои баланди касбӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, доктори илмҳои таърих, профессор саҳми арзанда гузошта, бо боварии том метавон гуфт, ки толибилмони ғолибгаштаи дараҷаҳои илмӣ бо самимият дар замири худ изҳори  миннатдориро ба кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ мепарварад.

Дар ин замина як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз он ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла силсилаи пажуҳишгоҳҳои илмӣ-татқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дорои Шӯрои диссертатсионӣ мебошанд, ки барои боло бурдани нерӯи зеҳнии кишвар саҳми арзанда доранд. 

Боиси қаноатмандӣ мебошад, ки аз ташкил ва  ба фаъолият шуруъ намудани Шӯрои диссертатсионӣ миқдори зиёди олимону муҳаққиқон илҳоми тоза касб намуда, ҷидди кору фаъолият карда рисолаҳои илмии худро ё ҳимоя ё ин ки барои ҳимоя омода намуданд, аз ҷумла устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара.

Новобаста аз муваффақиятҳои марҳилаи аввали Комиссияи олии аттестатсионӣ барои як зумра хоҳишмандони ҳимояи рисолаҳои илмӣ, норасоӣ ва миқдори зиёди вақти интизорӣ зимни роҳ ёфтан барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ, мушкилоти нав эҷод  шуда истодааст. Барои мисол агар дар 1 муассисаи таҳсилоти олӣ 20-25 нафар омодаи ҳимояи корҳои илмӣ бошад, пас дар сатҳи ҷумҳурӣ миқдори тахмини чунин довталабҳо бо инобати зинаи доктор (PhD) зиёда аз 2500 нафарро ташкил диҳад. Аз ин нуқтаи назар, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла давлати ба мо дусти Федератсияи Россия,  масъалаи ба якчанд Шӯрои диссертатсионӣ, дар мадди аввал ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дорои потенсиали зиёди илмӣ мебошад, мақоми махсус барои кору фаъолият ва додани ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ пас аз ҳимоя дар асоси Қарори Шӯрои диссертатсионӣ метавонад дида баромада шавад, зеро барои мисол чунин мақом ба 4 марказ ва 19 донишгоҳҳои Федератсияи Россия дода шудааст, аз он ҷумла:

  1. Московский государственный университет имени М. В. Ломоносова
  2. Московский государственный институт международных отношений (университет) Министерства иностранных дел Российской Федерации;
  3. Российский университет дружбы народов;
  4. Уральский федеральный университет имени первого Президента России Б.Н.Ельцина;
  5. Российская академия народного хозяйства и государственной службы при Президенте Российской Федерации
  6. Санкт-Петербургский государственный университет

https://ru-science.com/ru/blog/publikaciya-nauchnyh-statej/spisok-vuzov-kotorye-mogut-prisuzhdat-uchenye-stepeni 

Чунин иқдом ба эҳё намудани фазои рақобат ва боварӣ бахшидан ба рушди илми мамлакат ҳамчун поягузори рушди нерӯи  ақлонӣ метавонад равона карда шавад.

Пешниҳоди мазкур маънои онро дорад, ки пас аз ҳимоя дар Шӯрои диссертатсионӣ ва мусбӣ арзёби гардидаи рисолаи илмӣ ба номзадҳо оиди дарёфти дараҷаи илмӣ диплом дар асоси Қарори Шӯрои диссертатсионӣ дода мешавад. Бигзор ба чунин Шӯроҳо талаботи иловагӣ, барои мисол ҷалби иловагии экспертҳо аз ҳисоби олимони хориҷи кишвар дида баромада шавад. Зеро солҳои охир пас аз интизориҳои зиёд ба довталабон хабарномаи “ба асардӯздӣ (плагиат)” роҳ дода шудааст, зиёд шуда истодааст, ки боиси ҳайронӣ ва нигаронии зиёд мебошад, чунки дар марҳилаи ҳимоя ин масъала ҷиддӣ зери назар қарор дорад, яъне асардӯздӣ (плагиат) аз рӯзи аввал бояд муайян карда шавад, на ин ки пас аз гузаштани зиёди вақт.

Бовари дорем, ки чунин нияти нек ва мавзӯи баҳс аз рӯи эҳтироми якдигар қабул мегардад, ва агар ин таҷриба натиҷаи мусбӣ диҳад, баъзе Шӯрои диссертатсиони дигар низ вобаста аз сатҳи касбият ва нерӯи зеҳнии ҳайати Шӯро ба ин гурӯҳ метавонанд дар асоси озмун ва баҳогузории рейтингии озод шомил гарданд.