КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ РАВИЯИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ”

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ РАВИЯИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ”

Дар Донишгоҳи давлати Данғара тайи рӯзҳои шурӯъ аз санаи 7 то 26 январи соли 2022 барои омӯзгорони кафедраи химияи умумӣ ва таҳлилӣ ва кафедраи биология ва биотехнология аз рӯи барномаи “Низоми кредитии таҳсилоти олӣ ва равияи фанҳои табиатшиносӣ” аз ҷониби ҳайати дотсентон ва профессорони Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донигоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос гузаронида шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамасола курсҳои такмили ихтисосро дар сатҳи олӣ бо назардошти базаи илмию техникӣ ва бо тайёр кардани мутахассисони барҷаста дар сатҳи минтақа ва ҷумҳурӣ бо ҷалби олимона соҳа доир менамояд.

Барои шунавандагони курси сайёр дар рафти баргузории машғулиятҳо шароити лозима фароҳам гардида, аз китобхонаи электронӣ ва анъанавии донишгоҳ, корхонаҳои саноатӣ-истеҳсолии ноҳияи Данғара, парки технологӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ-инноватсиони донишгоҳ боздид намуда, бо маводҳои лозимии хониш таъмин карда мешаванд.

Зимни ифтитоҳи расмии он  номазади илмҳои техникӣ доктори илмҳои педагогӣ профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот ва муовини ректор оид ба инноватсия ва таҳсилоти фосилавӣ номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Расулзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар баромади хеш ректори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот оид ба паҳлуҳои низоми таҳсилоти кредитӣ ёдовар шуда қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маорифи ватанӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакати рӯзи 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд, ки бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф–сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ, ин ояндаи ободи давлат ва Тоҷикистони азиз мебошад. Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баланд ихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва  технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ пайваста таваҷҷуҳи аввалин дараҷа зоҳир карда мешавад, то ин ки донишҷӯён бо истифода аз синфхонаҳои лабараторӣ ва озмоишгоҳҳо донишу малакаи   худро сайқал бидиҳанд ва ба ин васила дар саноатикунонии бусуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардидааст, саҳмгузор бошанд.

Дар рафти маросими супоридани шаҳодатномаҳо, муовини ректор оид ба инноватсия ва таҳсилоти фосилавӣ номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Расулзода Бахтиёр, зикр кард, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ талаботи замон буда, баҳри рушди тафаккури инсон таъсири мусбӣ расонида, барои инкишоф ва пешрафти рушди зеҳнии донишҷӯён заминаи муосид фароҳам меорад.  

Ҳамин тавр ба иштирокчиёни курси такмили ихсос аз рӯи номгӯи фанҳои зерин, аз ҷумла проблемаҳои биология дар асри XXI, усулҳои муосири таҳлили химиявӣ, усулҳои таълими химия дар мактаби олӣ, забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ, масъалаҳои мубрами омӯзиши фаъолияти олии асаб, педагогика ва психологияи мактаби олӣ ва фалсафаи худшиносии миллӣ аз ҷониби ҳайати профессорон Алимуродов А., Устов М., ва дотсентон Шеров Қ., Қурбонова М., Қурбонмаҳмадов С., Носиров С., Амирхонов Ш., машгғлиятҳо бо тарзи интерактивӣ, амалӣ ва назариявӣ гузаронида шуда, ба 30 нафар омӯзгорон шаҳодатномаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донигоҳи миллии Тоҷикистон дар вазъияти идона супорида шуд.