БАДАХШОН - ВАЗЪИЯТ БОЯД ВОҚЕЪБИНОНА ТАҲЛИЛ ШАВАД

БАДАХШОН - ВАЗЪИЯТ БОЯД ВОҚЕЪБИНОНА ТАҲЛИЛ ШАВАД

Дар шароити мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ҷаҳонро пурихтилофу пуртазод гардонидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатсозии худро марҳила ба марҳила рушду ташаккул дода, дар ин раванд гомҳои устувор бардоштааст. Новобаста ба буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони пурихтилоф Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки ин ҳама аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи сарвари давлат гувоҳӣ медиҳанд.

Рушду нумуи тамоми минтақаҳои кишвар таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳамасола дар шаҳру навоҳии мамлакат даҳҳо корхонаи саноатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Дар баробари ин ҳама муваффақиятҳо ва дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ боз масъалаи таъмини амният ва пойдории сулҳу субот дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ва калидӣ ба шумор мераванд.

Дар таърихи тамаддуни башарият новобаста ба вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳолатҳое ҷой доранд, ки сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намуда, мушкилоти зиёди иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.

Имрӯзҳо иддае аз шаҳрвандони кишвар ба доми фиреби хоҷагони хориҷӣ афтида, дар пиёда намудани ҳадафҳои муғризонаи хоҷагонашон мехоҳанд саҳм дошта, зиндагонии мусолиматомези мардуми сарбаланди тоҷикро халалдор намоянд. Ташкилоти экстремистӣ ва террористии ҲНИТ, ПМТ ва Гурӯҳи 24 аз ниҳоди сиёсие мебошанд, ки дар нооромиҳои кишвар ва равона кардани ҷавонону наврасон ба кинаварзиву бадбинӣ, нифоқ андохтан дар миёни мардум ва ҷалби онҳо ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст доранд. Аммо онҳо имрӯз дарк кардан намехоҳанд, ки ин сулҳу суботе, ки дар кишвар ҳукмрон аст, ба осонӣ ба даст наомадааст. Он дар натиҷаи аз даст додани ҷони 150 000 фарзанди миллат, ҳисороти иқтисодии 10 млрд. доллари ИМА ва зарари маънавиву равонии зиёде ба вуҷуд омадааст. Сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ин на танҳо неъмат, балки бахту саодати ҳамаи тоҷику тоҷикистониён мебошад.

Боиси зикри хос аст, ки имрӯзҳо иддае аз шаҳрвандони кишвар ба доми найрангҳои хориҷиён афтида, бо ҳадафҳои муғризонаи худ мехоҳанд ин ҳама сулҳу суботи сартосарӣ ва хушбахтиву ваҳдати миллии тоҷикро зери суол баранд ва кишварро дигарбора ба макони низоъҳои милливу маҳалгароӣ ва мазҳабӣ кашанд.

Дар қазияҳои ВМКБ дасти гурӯҳҳои муташаккили террористиву экстремистии наҳзатиён ва ҳаммаслакони онҳо ҷой доранд. Дар вилоят саркардагони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ва дигар манфиатҷӯён аз маърифати паст ва эҳсоси диниву маҳалгароии як гурӯҳ аз ҷавонони саодатманд истифода карда, бо дасти худи ҷавонони бадахшонӣ мехоҳанд ҳадафҳои худро, ки ҷангу куштор ва ноамнӣ аст, пиёда намоянд. Далели ин нукот воқеаҳои охироне, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ноҳияи Рушони ВМКБ рух доданд, мебошад, ки боиси нигаронист. Фикру андеша ва таҳлилҳои баъзе аз ҳаводорони шабакаҳои иҷтимоӣ моро ҳамчун ҷомеашинос ба он водор намуд, ки андешаҳои худро оид ба ин масъала баён намоем.

Бадахшон маконест, ки онро Боми ҷаҳон ном бурдаву бо табиати афсункораш диққати сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Бадахшон маҳбубияту самимияти худро ҳамчун як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон чун манотиқи сайёҳӣ дар сатҳи баланд дар тамоми сол муаррифи намудааст.

Имрӯзҳо мақолаҳои шабакаҳои иҷтимоиро хонда, хулоса менамоем, ки ҳадафҳо муғризона мебошанд. Мо асосан аз он нигаронем, ки бо саркӯб ва танқид кардани як ду нафар ва ё гурӯҳе дар манотиқи ВМКБ, ки даст ба ҷиноят задаанд, маънои паст кардани шаъну шарафи кулли мардуми ин минтақаро надорад. Ҷинояте, ки аз ҷониби Муҳаммадбоқир бо ҳаммаслаконаш содир гардид, дар чаҳорчӯбаи қонун баҳогузорӣ мешавад! Имрӯзҳо сару садоҳои зиёд аз ҷониби шахсони гуногун ба гӯш мерасад, ки ба рӯйдодҳо дар ҳолати эҳсосоти баҳогузорӣ менамоянд. Албатта, чунин тарғибот ба андешаи бархе аз онҳо шараф ва ҳисси ватандӯстӣ ба давлат унвон мешавад, ғалати маҳз аст. Ин ақидаи ҳар яки онҳост. Бояд қайд кард, ки ба хотири як нафар ва ё гурӯҳи ҷиноятпеша ба тамоми аҳолии минтақа ва хонавода баҳо додан номумкин аст. Зимни баҳодиҳӣ ба эҳсосот набояд дода шуд ва нашояд касе беасос худро қонундон, суд ва прокурор эътироф кунад, зеро ба ҳар як амал мутахассиси соҳа баҳо медиҳад. Мардуми Бадахшон барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хидматҳои зиёде кардаанд ва илму маърифати онон ба ҷаҳониён маъруфу машҳур аст. Хоҳишмандем бо суханҳои бемантиқ дар ҳаводиси Бадахшон мавқеъгирӣ намкунед.

Оид ба амалҳои ҷиноятпешаи гурӯҳе, ки дар ноҳияи Рушонии ВМКБ фазои сулҳу суботро носолим сохта, қонуншиканӣ намудаанд. Бв андешаи мо патриоти тоҷик ҳамон вақт ҳуқуқи ммънавии сухан карданрр пайдо мекунад, ки ҳадди ақал дарахте сабзонида бошад. Аз берун истодагарӣ намуда, беасос ба кишваре, ки он ҷо сулҳу субот ҳукмфармост, набояд санг партофт. Магар, чунин амал ҷавонмардист?не ҳаргиз! Аз берун истода теша ба решаи хеш задан нишони аблаҳист!

Дирӯз аз шабакаи иҷтимоӣ вохурии муовини аввали ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Абдураҳмон Аламшозодаро бо фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони сохторҳои гуногуни ВМКБ дида, эҳсос кардам, ки мақомоти қудрати доир ба ин ҳодиса, пеш аз ҳама, принсипи инсондӯстиро ба роҳ монда аст ва мехоҳад ҳаёти ҳар як сокинро ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намояд. Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар дунёи фикр ғута, зада ба чунин хулоса омадам, ки аз ҷониби Президенти мамлакат нисбат ба ин минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, бисёр корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аммо якчанд афрод ва ё гурӯҳе онро ба инобат нагирифта, мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

Соли 2021 - ум Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро ҷашн гирифт. Бевосита аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки дар ВМКБ даст ба ҷиноят задаанд, онҳоро бо тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуд. Магар, ин хирадмандиву дӯстдорӣ ва эътиқоду эътимоди Пешвои миллат ба ин минтақаи кишвар нест? Бояд мардуми меҳмоннавозу ватандӯсти ин диёри кӯҳистон ба қадри ин ғамхориҳои сарвари давлат бирасанд ва ҳамеша Ватани худро аз дастаҳои ҷиноятпеша чи дар дохил ва чи дар хориҷ ҳифз намоянд.

Чунин мепиндорам, ки аксарияти сокинони ВМКБ сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуш қабул доранд, хизматҳои ӯро қадр мекунанд ва зиндагонии осоиштаро тақозо дошта, мехоҳанд дар рушду инкишофи ватани азизамон, Тоҷикистон саҳми боризи худро гузоранд.

Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

 

Декани факултети идораи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқ, доктори илмҳои сиёсӣ

Ҳасанов Шарифхӯҷа Қозиевич

28.05.2022 с.