ВОКУНИШ ВОРУХ ВАТАНИ ТАЪРИХӢ ВА ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

ВОКУНИШ ВОРУХ ВАТАНИ ТАЪРИХӢ ВА ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Хасанов фото 35x45

 

ВОКУНИШ

Ворух ватани таърихӣ ва қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст.

 

 

Декани факултети Идораи давлатӣ ва

ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара

номзади илмҳои ҳуқуқ, доктори илмҳои сиёсӣ

Ҳасанов Ш.Қ.

 

Дар шароити имрӯза вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон рӯз аз рӯз ташвишовар шуда, барои ба вуҷуд омадани хатари бузурги башарӣ замина гузошта истодааст. Аз ин рӯ масъулияти инсоният дар шароити имрӯза аз дирӯза дида зиёд гардида таъмини амнияту осоиши инсоният ба мушкилоти аввалин дараҷаи глобалӣ табдил ёфта истодааст.

Равандҳои сиёсӣ ва муносибати мутақобилаи абарқудратҳо нишон медиҳад, ки тақсимоти нави ҷаҳонӣ ба вуҷуд омада ин манфиати абарқудратҳо тақдири инсоният ва ояндаи дурахшонро зери суол мебарад ва ҳар лаҳза, хатари ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, инсониятро таҳдид менамояд, ки дар натиҷа дастовардҳои ҳазорсолаҳои инсоният аз байн меравад.

Ин раванд кишварҳо ва роҳбарони сиёсии давлатҳоро водор месозад, ки ба ҳаёти инсоният ба хотири манфиатҳои геополитикӣ ва геосиёсии худ бозӣ накунанд ва зиндагонии мусолиматомезро баҳри саодат ва хушбахтии инсоният таъмин намоянд.

Дар шароити имрузаи давлатдори миллӣ, кишварҳои рӯ ба инкишоф қурбони манфиатҳои муборизаҳои абарқудратҳо гардиаанд. Аз ин рӯ ин кишварҳоро зарур аст, ки зиндагонии мусолиматомезу ҳамзистии осоиштаро интихоб намуда, роҳҳо ва воситаҳои рушди давлат ва фароҳам овардани шароити хуби зисти мардуми худро таъмин намоянд.

Аммо ба ҷойи зиндагонии осоишта ва ҳамзистии мусолиматомезро таъмин намудан Ҷумҳурии Қирғизистони алббата бо роҳбарии Содир Ҷаборов (Жапаров) ва Қамчибек Тошиев вазъи минтақа ва кишвари худ ва Тоҷикистонро ноором намуда, бо ғояҳои фашистии худ мехоҳанд аз худ қаҳрамонҳои замонро ба вуҷуд биоваранд.

Сабаби чунин корро пеша намудани саркардагони қирғизҳо (Содир Ҷаборов ва Қамчибек Тошиев) – ро пеш аз ҳама дар он мебинем, ки онҳо баъзан масъаллаҳои сиёсиву иқтисодии давлатро бо роҳи фиреби сиёсӣ додани мардум ва тавваҷӯҳи мардумро ба масъаллаҳои марзӣ ҷалб кардан ва дар сари ҳокимият мондану мустаҳкам намудани мавқеи худашон ин корҳоро ташкил намуда истодаанд. Аз тарафи дигар бар аъло ба мушоҳида мерасад, ки ҳодисаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, ҳодисаҳои моҳи январӣ дар Қазоқистон, танишҳои марзӣ таи ду соли охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ба сари ҳокимият омадани гурӯҳи террористии Толибон, ҳодисаҳои Хоруғи Тоҷикистон, ки ин ҳама аз мавҷуд будани дасти сеюм дар ин нооромиҳо эҳсос мешавад. Зеро, ки Осиёи Марказӣ амнтарин минтақа таи ду даҳсолаи охир ба ҳисоб мерафт. Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки ин мушкилотҳо пеш аз ҳама аз рӯи нақшаҳои “кишварҳои муайян” ё созмонҳои махсус роҳандозӣ мегардад. Аммо ба ин масъала мардуми Қирғизистон бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, аз рӯи ақли солим амал намоянд. На ба ду роҳбари тафаккури фашистӣ доштае, ки аз зиндон баромада бо мақсади пиёда сохтани ғаразҳои кишварҳои сеюмро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба мардуми шарифи тоҷик муроҷиат намуда буд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ба ин ваъдаи худ вафо намуда, якпорчагӣ ва ваҳдати сартосариро дар кишвар барқарор намудаанд. Аммо дӯшманони мо, ки осоишу пешрафти моро намехоҳанд имрӯз ин неъмати бебаҳо ваҳдати миллии моро бо ҳар роҳу восита халалдор месозанд. Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон шахсияти пуртоқат, дурандеш буда, нисбати ҳамагуна ҷангу низоъ нафрат дорад, ки ин тарзи тафаккур дар вуҷуди ҳар тоҷик мавҷуд аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо тарсуем. Мо ватанамонро ҳифз мекунам, чунки бузургони илму адаби мо ба мо насиҳати зиндагонии сулҳҷӯёнаро карда будаанд ва мо онро то ҳадди имкон риоя менамоем.

                              Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,

На шояд гирифтан чунин кор танг.

Боиси зикри хос аст, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот миёни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад”. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 апрел дар мулоқот бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара изҳор доштанд.

Ин суханҳои пешвои миллати тоҷик ба мардуми Тоҷикистон нерӯи тоза бахшида аз мо ҳифзи тамомияти арзӣ ва хоки кишвари худро талаб менамояд.

Бисёре аз мардуми мо ҳануз ҳам намедонанд, ки чаро имрӯз ба масъаллаи баҳсӣ ворид гардидааст. Зеро, ки Ворух минтақае мебошад, ки заминҳои ҳамвори ҳосилхез дошта, шароити зисту зиндагонӣ дар он ҷо мусоид мебошад. Боиси қайди аст, ки Ворух тибқи ҳамагуна ҳуҷҷатҳою харитаҳои таърихӣ қаламрави тоҷикон буд.

Ногуфта намонад, ки ҳамавақт ҷониби Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиатомези масъаллаи марзӣ буда, ҳама гуна танишҳо ва баҳсҳои марзиро тавасути нерӯ маҳкум менамояд, зеро, ки ҷанг роҳи ҳалли масъала ва ба манфиати ҳарду тараф ҳам нест. Мисоли гуфтаҳои боло дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан мумкин аст.

«Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дўстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, ором бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад», — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ворух қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон буда, мардуми тоҷик барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳои дифоӣ истифода мебарад. Имрӯз барои мо ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳама гуна арзишҳои дигар авлотар мебошад.

Дар таърихи 14 сентябри соли 2022 марзбонони қирғиз аҳдшиканона бе ягон асос ба динбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара гулула партофт намуданд.Марзбонони тоҷик низ оташи ҷавобӣ кӯшодаанд ва дар ин таниши чандсоата 2 шарҳванди Тоҷикистон кӯшта ва 11 нафари дигар захмӣ гардидаанд. Сипас дар натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳо оташбас эълон гардида санаи 15 сентябри соли 2022 вазъият дар марз ором ба назар расид. Санаи 16 сентябри 2022 боз амалҳои ноҷавонмардона ва аҳдшиканонаашонро сарҳадбонони Қирғизистон такрор намуда, соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.

Новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд. (Хабар аз АМИТ “Ховар”)

Дар таърихи давлатдлории Қирғизистон боре ҳам вазъияти буҳронӣ то ин дараҷа нарасида буд. Аммо бо ба сари қудрат омадани Содир Ҷаборов ва Қамчибек Тошиев муносибати ҳарду кишварӣ ба ҳам дӯст ба сатҳи поинтарин расида, ҳолати буҳрониро ба вуҷуд овард.

Мо пешниҳод медорем, ки:

1.Фаъолияти кории Содир Ҷаборов ва Қамчибек Тошиев дар сатҳи байналхалқӣ ва СММ мавриди муҳокима қарор дода шавад;

2.Амалҳои Содир Ҷаборов ва Қамчибек Тошиев ҳамчун амали террористӣ ҳисобида шавад;

3.Аз созмонҳои дифои ҳуқуқи башар дархост карда мешавад, ки нисбати ҳукумати Қирғизистон барои нақзи ҳуқуқи башар ва кӯштани мардуми осоишта айбнома эълон карда, зарари расонидаи ҷониву молиро ҷуброн намоянд;

4.Аз мардуми заҳматкаши қирғиз хоста мешавад, ки ба фиреби амалҳои Содир Ҷаборов ва Қамчибек Тошиев, ки дар миёни мардум кинаву адовати милливу қавмиро ба вуҷуд меоваранд изҳори нобоварӣ карда шавад.

Чингизсифатони қирғиз (дар назар дошта мешавад Ҷабборов ва Тошиев), ки бояд донанд, ки Ворух ба ҳаҷ қиммате “Анклав” шуда наметавонад. Мо то охирин нафас аз хоки худ ҳимоят менамоем...