Ворух қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон Муллоботур Муллобаҳодур – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара

Ворух қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон Муллоботур Муллобаҳодур – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара

Ворух қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон

Муллоботур Муллобаҳодур – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара

  Рӯзҳои охир вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон печидатар гашта ба сулҳу суботи мардуми тоҷик таъсири манфӣ расонида истодааст. Сарҳадбонони Қирғизистон  аз рӯзе, ки ду нафар маҳбус ба сари қудрат омадаанд бо ҳар баҳона сулҳу суббот ва амнияти мардуми тоҷикро халалдор месозанд. Мисоли ин гуфтаҳо дар як соли охир чанд маротиба марзшиканӣ намудан ва ба суи мардуми осоиштаи бегуноҳу сарҳадбонони ҷонфидои мо тир холи кардан аст. 

Боиси афсус аст, ки бо ҳама муносибатҳои дӯстона ва сулҳомезонаи ҷониби Тоҷикистон,  мақомотҳои дахлдори кишвари ҳамсоя ин ҳамаро нодида гирифта, бо пуштибони аз кишвари сеюм мехоҳанд баҳси марзиро бо роҳи ҷанг ҳал намоянд. Аммо онҳо як чизро фаромӯш кардаанд, ки миллати тоҷик дар гузаштаву имрӯза қаҳрамонҳои зиёдеро ба дунё овардаст, ки метавонан ҷонашонро барои ватанашон  фидо намуда марзу бумӣ Тоҷикистони азизро ҳимоя намоянд.

Савол ба миён меояд, ки чаро ҷониби Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ роҳҳои сӯлҳомезро пеш намегиранд? Шояд дар бораи ин савол худи мардуми қирғиз ҳам фикр кунанд чаро танҳо бо ҷанг? бо сӯлҳ не. Пас инҷо маълум мешавад, ки элитаи ҳукмронии ин кишвар барои хусуматҳои шахсии худ, барои даҳони мардумро бастан кушиш мекунанд, ки диққати мардуми оддиро ба марз ҷалб кунанд ва бо ҳамин восита ҳокимяти худро мустаҳкам кунанд. Ба ҳама маълум аст, ки роҳбарони ин кишварҳо  саркардагони роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ мебошанд, ки бо роҳҳои ғайриқонуниву зӯрӣ аз маҳбас ба озоди баромада ҳокимиятро бо воситаи ҷанг аз худ карданд. Аз ин муносибати фашистонаи роҳбарони ҷиноӣ танҳо зиён ба мардуми тоҷик набуда балки ба худи мардуми Қирғизистон таъсири манфӣ расонида муносибати дустонаи ду миллатро барои манфиатҳои шахсии худ қурбонӣ мекунад. 

Хитоб ба мардуми Қирғизистон ҳоло ҳам дер нашудаст садди роҳи сиёсати фашистона гардед,  зеро онҳо бо думи шер бозӣ карда истодаанд, ки оқибати он бароятон хело вазнин хоҳад буд! Зеро  ҷанг кушандаи зебоист. Агар ба таърих назар афканед ва  ба дӯстии ду миллат таваҷҷӯҳ кунед мебинед, ки чиқадар робитаҳои дӯстона вуҷуд дошт ва рафтуомади зиёд байни мардуми тоҷику қирғиз буд, ки ҳамаи ин робитаҳои дустиро ин роҳбароне, ки бозичаи дасти тарафи сеюм гаштаанд,  аз байн бурдаистодаанд ва тухми низоъро дар насли ояндаҳоятон гузоштаистодаанд. Худи гузаштагонатон шуморо намебахшанд зеро роҳбарҳои ҷинояткоратон нон хурдаву ба намакдон туф карданд. Ба худ оед мардуми дӯсту бародар ва ҳамсоя! 

Боиси хушбахти аст, ки оғози даргириҳо чи вокунише дар миёни ҳамватанони мо эҷод кард. Даста-даста ҷавонони ғаюру диловари мо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба хотири ҳимоят аз марзу буми кишвар ба по хестанд, бархе худро ба маҳалли низоъ расониданд. Албатта ин иқдоми бисёр хушоянду родмардона аст. Вазифаи ҷонии як ватандори воқеӣ аст, ки дар мавридҳои буҳронӣ бояд бидуни қайду шарт ба хотири ҳифозати ҳар ваҷаб хоки Ватан дар муқобили душаман сина сипар кунад. Аз ин нигоҳ вокуниши ҷавонони мо дархури ситоишу такрим аст. 

  Хитоб ба мардуми сарбаланди тоҷик,  имрӯз Ворух ин номуси миллат аст, дигар ҷойи дустиву хубӣ кардан намондааст, зеро борҳо ҳар ду ҷониб оташбас эълон карданд, аммо  сарҳадбонони қирғиз тамоми оташбасҳоро шикаста дусти ин ду миллати ҳамсояро нодида гирифтанд ва ҷангро оғоз кардаанд. Ба пеш мардуми сарбаланди тоҷик, ба пеш мардуми бо нангу номуси тоҷик имрӯз рузе аст, ки мо барои ватани худ ҷонамонро фидо кунем номуси модару духтари тоҷикро нигоҳ дорем. Ба пеш мардуми бо виқори тоҷик барои дустӣ аҳди шикан шербуданро исбот кунем. Ба пеш эй насли Исмоили Сомонӣ имрӯз рузе ҳаст, ки мо хун хурдаву шарафи ватанамонро ҳифз намоем.