ВОХӮРИ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ДАР МАВЗӮИ "АРҶГУЗОРӢ БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ -ЭҲТИРОМ БА ВАТАН АСТ".

Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш зи ҳама эҳтиром ба тамоми арзишҳои милливу давлатдорист!

Дар ин вохурӣ аз ҷониби меҳмонон таъкид ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ ироа гардид, ки натиҷаи сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат аст! Ин ҳама асолатгарои ва Ваҳдати миёни мардум аз заҳматҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аҳли толор бевосита ба баромади пурмуҳтаво ва пурмазмуни Раиси Кумитаи иҷроияи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, УСТОДИ СУХАН РУДОБАИ МУКАРРАМ қаноатмандӣ намуданд, ки ҳадду канори беҳамто дошт!!!!

Дар чорабинии имруза меҳмонони вломақом Директори муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва мушовири калони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Алланазаров Шараф ширкат варзиданд!

Чорабинии сиёсӣ дар як сатҳи баландӣ илмиву амалӣ, худшиносию худогоҳӣ ва Ватандустию Ватандорӣ баргузор гардид!

Хусусан фалсафаи баромади олимон Н.И.Ф., ДОТСЕНТ Рудобаи Мукаррам ва Д.И.Ҳ., ПРОФЕССОР ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ таваҷҷуҳ ба муқаддасоти милӣ-эҳтиром ба Ватан маъни беҳамто дошт.

Инчунин Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара н.и.т., д.и.п., профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар баромади хеш бо далелҳои раднопазиру равшан саҳми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду нумуи кишвар ки фарогирӣ пешравиҳоро дар тамоми ҷабҳаҳо фарогир мебошад ибрози ақида намуданд!

Дар охир ректори донишгоҳ Шоҳиён Н.Н., дастоварди муҳими ин даргоҳи илму маърифат китобе бо номи "ФАРЗОНАФАРЗАНДИ МИЛЛАТ" -ро муаллиф Ҳасанов Ш.Қ. ба миҳмонон тақдим намуданд!!

Суратгузориш аз ҷараёни гузориш!!!

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА!!