ҶАЛАСАИ ШУРОИ КУРАТОР – ЭДВАЙЗЕР (САРПАРАСТОН)-И ГУРӮҲҲОИ АКАДЕМӢ
1 феврали соли 2023 тибқи нақшаи кории департаменти тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ ҷаласаи Шурои куратор – эдвайзер (сарпарастон)-и гурӯҳҳои академии Донишгоҳи давлатии Данғара доир шуд.
Ҷаласаи Шуро бо иштироки Тоирзода Суҳроб Тоир – муовини ректор оид ба тарбия ва тарғибот – раиси Шуро, котиб ва аъзоёни Шуро баргузор гардида, дар кори он 4 масъала дида баромада шуд:
- Андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба татбиқи масъалагузориҳои вохӯрии онлайнии Саидзода Раҳим Ҳамро – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректорон, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва раисони шуроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (31.01.2023);
- Баррасии иҷрои бандҳои алоҳидаи нақшаи кории Шуро дар нимсолаи аввал ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023;
- Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи ҷонишинони деканони факултетҳо оид ба таълиму тарбия ва қабули шаҳрвандон дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023;
- Сатҳи омодагии донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон барои иштирок дар Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”.
Дар хотима вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби ҳайати Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуд, ки барои иҷрои босифат ва саривақтии онҳо тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар хоҳад шуд.