ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

http://dsu.tj/Content/files/8de5ae7e-1c6a-4ffc-b22c-a80133f28083.jpg

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022)

«Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ, ки асосан дар бораи вазъ ва дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ироа карда мешавад, ба масъалаи манфиатҳои миллӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Мавриди зикр аст, ки ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва асосии давлати миллӣ ба шумор меравад.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (санаи 23.12.2022) вобаста ба матлаби мазкур таъкид доштанд, ки “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад. Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад”.

Сиву як сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳқиқи он руҷӯъ намоем, бо касби истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи давлатдории миллии тоҷикон аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавоноӣ ва умед мебахшад.

Ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишваромон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шуданд, вале дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо – ҷавонон, вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузург доранд.

Бо ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Бахусус дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо кушишу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ғамхориҳои рузафзӯни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу ташвиқи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик  дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, талқин ва таҳкими ҳуввияти миллӣ миёни ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас корҳои бузурге ба анҷом расонида шудаанд.

           Мафҳуми манфиатҳои миллӣ дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”, ки аз 28 июни соли 2011  №721 қабул шудааст, чунин шарҳ дода шудааст: “Манфиатҳои миллӣ – маҷмӯи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз амалишавии онҳо қобилияти давлат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, арзишҳои ҷамъият ва ниҳодҳои асосии давлатдорӣ вобаста мебошад”.

Албатта, ҳар як халқу миллат таъриху тамаддун ва манфиатҳои миллии хешро дошта, баҳри омўзишу ташвиқи арзишҳои фарҳангии худ аз роҳу воситаҳои мухталиф истифода мебаранд. Тоҷикон, ки яке аз халқҳои қадимаи  дорои фарҳангу тамаддуни волои хос мебошанд, барои омўзиш, оммави гардонии арзишҳо ва ҳифзи тамаддуни хеш чораҳои заруриро меандешанд.

Эҳтиром ба манфиат ва арзишҳои миллӣ бояд пешаи ҷавонон бошад. Дар тарғибу беолоиш нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ саҳми ҷавонон хеле калон мебошад. Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони ногоҳ ва гумроҳи мо низ ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабӣ даст зада, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд.

Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша, муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо хусусияти умумимиллӣ пайдо кардааст. Қобили зикр аст, ки раванди ифротгароӣ  яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баракс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Мо ҷавонон бо боварии комил гуфта метавонам, ки минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои он аз сиёсати хирадмандонаи ҳомии сулҳу субот Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, нерӯи созандаи худро баҳри рушди босуботи Ватани азизамон – Тоҷикистон сафарбар хоҳем кард.

Қодиров Шуҳрат, мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва қабули шаҳрвандон