Масоили тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва муқовимат ба терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Масоили тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва муқовимат ба терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Масоили тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва муқовимат ба терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Муқовимат ба терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ якқатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт”.

Дар асри XXI ифротгароӣ беш аз пеш авҷ гирифта, ба оқибатҳои хатарноки разилонаи худ ба монеаҳои ҷиддии инсоният табдил ёфтааст. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб, бахусус, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Миёна зоҳир мешавад, ки асоси он дарк накардани моҳияти демократия ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) мебошад.

Новобаста аз он ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “аҳриманӣ” маҳкум менамояд, аммо то ҳол масоили пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Сабабу омилҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд, кушиш намудем, ки баъзе аз сабабу омилҳои гаравиши ҷавононро ба ин гурӯҳҳои тундрав номбар намоем:

1. Афзудани ҳисси одамӣ, маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ итминон надоштан ба фардо. Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “Мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ мебинанд;

2. Эҳсоси беадолатӣ нисбати пайравони дини Ислом аз нигоҳи мусулмонони тамоми ҷаҳон мебошад. Онҳо мепиндоранд, ки давлатҳои абарқудрат нисбати дини Ислом беадалатӣ зоҳир менамояд, вале ин ақида хато мебошад. Ин нишона дар он зоҳир мегардад, ки Ислом маъмулан аз мароми аслии худ, яъне таълимоти дини Ислом берун баромада, худро дар фирқаи таълимоти фарҳангӣ - ҷамъиятӣ ва ё тағйир додани урфу одатҳои ҳазорсолаҳо пеш ташкил ёфтаи миллату халқиятҳо нишон медиҳад. Сиёсикунонии Ислом ба сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми миллату халқиятҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ дошта, бархӯрди тамаддунҳоро ба миён меорад;

3. Давлатҳои абарқудрат, махсусан давлатҳои Ғарб ба мақсади соҳибӣ кардани сарватҳои зеризаминӣ, яроқу аслиҳаи кӯҳнашудаи худро, фурӯхта аз ин ҳисоб маблағи муфт ба даст меоранд ва ба ин восита мардумро яроқноку гумроҳ намуда, оромии давлатҳои мусулмониро халалдор месозанд. Аз ҷумла, Сурияву Ироқ, ки мардумонашон зиндагии тинҷу ором доштанд, “Давлати исломӣ”-ро маблағгузорӣ ва ташкил карда, мардуми ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намуданд;

4. Тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад;

5. Яке аз сабаби дигари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шахсони ҷинояткор ё ҷиноят содир карда, аз ҳабс гурехта, дар кофтуков қарор дошта, барои халосӣ аз ҷазо ва ҳимояи худ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ шомил мешаванд;

Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд даст ба дасти ҳам дода, бо дилу нияти пок ва ҳисси баланди ватандӯсти пайрави аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, барои созандагӣ ва рӯшду пешравии кишвар саҳмгузор бошем ва якдилона меҳнат намоем, зеро ҷавонон ояндаи давлату милат мебошанд. Чуноне, ки Сарвари давлат дар Паёми худ иброз намуд маҳз ҷавонони бо фарҳанг босавод ва бо тарбия метавонанд ояндаи давлати хешро бисозанд.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он–сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

 

Холов Фирӯз Маҳмадхонович, мутахассис-ҳамоҳангсозӣ

 корҳои тарбиявӣ ва назорат дар хобгоҳҳо