КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАРБИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МОҲИЯТ, НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМОИ АМАЛИШАВИИ ОН

КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАРБИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МОҲИЯТ, НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМОИ АМАЛИШАВИИ ОН

 

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03. 2006, №94) сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавонро, муайян сохта, моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Баҳри амалисозии босифати муқаррароти ин ҳуҷҷати муҳими заминавӣ бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, натиҷаҳо ва дурнамои амалишавии он” бо иштироки олимону муҳаққиқон, кураторони гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид, ки дар кори он вобаста ба мавзуҳои зерин:

 Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули афкори миллӣ;

 Унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ;

 Хизмат ба Ватан шарафу ифтихор аст;

 Ифтихори миллӣ ҳамчун омили тарбияи ватандӯстии ҷавонон;

 Ҷавонон дар сангари мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби ҷомеа маърӯзаҳо карда шуд.

Қайд гардид, ки Консепсия бо дарназардошти анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан интихоб ва амалӣ намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад.

Дар қисмати музокирот вобаста ба амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни гурӯҳҳои академӣ ва андешидани тадбирҳои муассир дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати ташкили чорабиниҳо, дарёфти роҳ ва усулҳои муосири татбиқи муқарарроти ин ҳуҷҷати заминавӣ саволу ҷавоб ва табодули андеша миёни иштирокдорон сурат гирифт.

           

Счетчик посешаемости и статистика сайта