НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ФАРҲАНГ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ФАРҲАНГ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ
 ФАРҲАНГ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022)
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бо аҳли зиёиёни кишвар қайд менамоянд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги волояш мешиносанд ва ба андешаи Сарвари давлат «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст».
Фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи давлати миллӣ буда, василаи асосии муаррифгари давлату миллат дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. 
Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми самтҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.
Агар ба гузаштаи халқи тоҷик диққат намоем, аз рўи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дорои фарҳанги волову пурғановат буда, баъзе аз анъанаҳо то ба имрӯз омада расидаанд. Аммо қисми зиёдашон бо таъсири омилҳои бегона аз байн рафтаанд. Бо вуҷуди он ҳама тохтутозҳое, ки бар сари халқи тоҷик омад, вале аҷдодони мо ҷонашонро фидо сохтанду рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ: хат, забон ва санъати худро нигоҳ дошта, ба мо мерос гузоштанд. 
Бояд қайд кард, ки фаҳмиши фарҳанг хело васеъ буда, он фарогири зиндагии ҳаррўзаи мо мебошад. Аз ин рў дар замони муосир тамоми мардуми сайёра ба масъалаи омўзиши он диққати махсус зоҳир менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва бе инкишофи фарҳангу маънавиёт давлат аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафта ва сатҳи зиндагии мардум низ наметавонад рушд кунад. 
Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати фарҳанг ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи фарҳанг», қонун дар бораи «Забони давлатӣ», эълон намудани иди Наврўз» ҳамчун иди байналмилалӣ, қайд намудани «Рӯзи фалак», «Иди меҳргон», «Рӯзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост.
Инчунин дар ин самт бунёди иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ аз ҷумла Осорхонаи миллӣ, ки дар он ёдгориҳои беназир ва қадимаи ин миллати куҳанбунёд ба маърази тамошо гузошта шудааст. 
Воқеан ин иқдоми неки Ҳукумати мамалакат ба хотири пос доштани фарҳанги миллӣ мебошад, ки мо бо ин васила метавонем маданияти гузаштаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ташаббуси дигари Ҳукумати кишвар ин таъсиси Китобхонаи миллӣ аст, ки он бори дигар собитгари адабиёти бою рангин, эҷодиёти шоирони бузургу тавонои халқи тоҷик мебошад. 
Зимнан сохтмони Театри миллӣ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инкишофу пойдории фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд.
Мо ҷавонон пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки имрӯз халқи тоҷик баъд аз ҳазорсол боз аз нав соҳиби давлат миллӣ гардид, зеро дар ин давраи пур аз ҷангу ҷадалҳое, ки халқи тоҷик аз сар гузаронид, ҳифзи фарҳанг ва истиқлоли миллӣ кори осон набуд.
Барои пос доштан ва рушди фарҳанги миллӣ ҷавонон нақши аввалиндараҷа доранд. Зеро бунёдгузор ва нигоҳдорандаи фардои фарҳанги миллӣ маҳз ҷавонон маҳсуб меёбанд.
Бобати эътимоду боварӣ ба нерӯи созандаи насли ҷавони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлими Олии кишвар (23.12.2022) иброз доштанд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”.
Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд, ки дар заминаи эътимоду боварӣ ва сиёсати ҷавонпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар, таърих ва фарҳанги гузаштаи худро омӯхта, ба фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ арҷгузорем, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, ҳамчун мутахассисони варзида ба халқу ватан содиқона хизмат намоем.

Ҷонмаҳмадов Наврӯз – мутахассиси шуъбаи тарбия