ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НАХУСТ ОМИЛӢ ҶОМЕЪАСОЗ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НАХУСТ ОМИЛӢ ҶОМЕЪАСОЗ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
 

Ваҳдати милли дар кишвари тоҷикон, ки дар таърихи навини давлатдории мо нақш баст ва чун вазни Иди истиқлолияти давлатиро дорост насли оянда шояд дар ҳайрат монад ва ё ба он даргириҳои дохилӣ, ки аз сар гузаронидем, афсӯс хӯрад. Бинобарин зарурат шуморидем, ки дар арафаи 26-ум солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чанд хулосаҳои худро чун як фарди ҷомеа иброз намоем. Дар ибтидои солҳои 90-ум гузариш аз як сохт ба сохти дигари давлатдориву хоҷагидори оғоз ёфта Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро пайдо кард.

«Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».

Дар ин ҷараён, дар майдони сиёсат қудратталабии ҳизбу ҳаракатҳо, сиёсатмадорони мухталиф чунон авҷ гирифт, ки ҳатто ба поймолшавии Қонуни асосӣ оварда расонид. Дар натиҷа мардуми кишвар барои бархе соҳибмансабони давлативу сиёси чун як маводе барои механикаи сиёсӣ ва ё объекте барои бозори сиёсат истифода шуд. Онҳо ҳадафҳову муборизаҳои сиёсии худро такя ба мардуми маҳалу минтақаҳои худ карда, ин мардумро ба даргириҳои сиёсӣ кашиданд.

Ин омилҳо оқибат ба ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ оварда расонид, ки он ба мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик таҳдид мекард. Дар ҳақиқат он сиёсатмадороне, ки на манфиати кулли мардуми кишварро ифодаву баррасӣ мекунанд, балки барои ноил гаштан ба ҳадафу манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худ, мардуми худро кӯр – курона аз паи худ мебаранд, ноқодиртарин шахсият ва ё маҳз ханноти бозори сиёсӣ мебошанду бас.

Дар майдони сиёсат чунин ашхосон низ, пайдо шуда буданд, ки ба идома гирифтани даргириҳои кишвар суръат бахшиданд. Барои ба эътидол овардани вазъияти кишвар на сиёсатмадоре, ки аз интихобот то интихобот фикр мекунад зарур буд, балки халқи азияткашидаи тоҷик ба ходими давлате эҳтиёҷ дошт, ки вай оид ба пойдориву устувории давлат ва якпорчагии ҷумҳурӣ фикр кунад. Ниҳоят ин орзуву ормони миллати тоҷик дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз фарзанди баруманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлати тоҷикон интихоб карда, туҳфаи тақдир ба миллат намуд. Аз нахустсадои Сарвари давлатамон ҳадафи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон шуд ва роҳҳои минбаъдаи рушду такомули давлати навбунёд муайян гашт.

Фаъолияту талошҳои пайгиронаи Президенти кишварамон барои амали гардидан ҳадафҳои муайяншуда натиҷаҳои судманд дод.
Танњо имрўз, ки халќи тољик озодии њаќиќиву истиќлолиятро ба даст овард, танњо бо шарофати љидду љањди бузургии Асосгузор сулҳу ваҳдатӣ милли-Пешвои миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рањмон бањри барќарориву пойдории сулњу ризоияти шањрвандї дар кишвар имконпазир шуд, ки бори аввал дар тамоми љањон љашнњои байналмилалии 1100-солагии давлати Сомониён, соли тамадуни Ориёї , соли Рўдакї, 2500 солагии шањри Истаравшан, 2500-солагии Хуљанд, 2700-солагии шањри Кўлоб ваѓайра бо шукуњ ва густурдатаљлил гарданд.

Нахустин бор пас аз муддати зиёд, баъди Исмоили Сомонї, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳољибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов халқи тољик соњиби чунин ходими ватандўсте чун Эмомалї Раҳмон шуд, ки моро ба сўи ҳадафи ниҳої, ба ваҳдату ягонагї ва сулҳу беҳбудї роҳнамої мекунад.

Дар ҷомеа барои фаъолияти мӯътадили ҳамаи азҳоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои иҷтимоии тараққиҳоҳ шароити мусоид оварда шуд. Дар ибтидои соли 1996 гурӯҳи сиёсатмадорону роҳбарони азҳоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои миллӣ матни Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистонро барои муҳокима омода намуданд. 9 марти ҳамон сол зиёда аз 30 ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, илмӣ, динӣ, миллӣ зери он санад имзо гузоштанд. Ва ниҳоят 27 июни соли 1997 ин Аҳднома бо пуррагӣ эътироф гашта сулҳу оштии милли танинандоз шуд. Оштиву ризоияти Милли аҳмияти таърихи дошта, се ҷавҳари онро метавонем таъкид кард.

Якум. Сулҳи тоҷикон дарси таърихиест, на танҳо барои худи мо, ки осоиштагӣ овард, балки барои он қисми ҷаҳоне, ки ноором, яъне барои кишварҳое, ки дар даргириҳои дохилӣ қарор доранд, намунаи беҳтарини раҳнамои созиш аст. Илова бар ин, ин мӯъҷизаи таърихии тоҷикон, ҳамчун ҳиссагузории халқи мо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, низ мебошад.

Дуюм. Имтиҳоноти таърих боз як бори дигар исбот кард, ки тоҷикон ворисону меросбари ориёни асил буда, соҳиби тамаддуни оламшумул мебошанд. Зеро тарафҳои мухолифро андешаи ҷаҳонсоз ғалаба карда, арзиши якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллиро аз кулли манфиатҳои азхобию гурӯҳӣ боло гирифтанд. Ва оид ба идомаи насли милати тоҷик ва пойдории давлати навбунёди тоҷикон якдилона камар бастанд. Миллати тоҷик ифтихор мекунад, ки беш аз 10 млн тоҷикистонӣ соҳиби давлати комилҳуқуқ, ки тамоми кишварҳои олам эътирофаш кардааст, мебошад. Воқеан аз ин шукр дорад, зеро бисёр милатҳои сернуфузи башар созовори чунин тақдир набуда, дар орзуи давлати мустақил муборизаҳои тулонӣ мебаранд.

Сеюм. Ин мӯъҷизаи таърихӣ барои вусъат бахшидани дарки худшиносии воқеии милли такони бузург дод. Вай амиқ эҳсос кард, ки бунёдсозу меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад. Ваҳдати миллӣ дар инкишофи ҳаёти иҷтимои-иқтисодии ҷомеамон нақши бузург дорад ва ҳамзамон барои устувории он заминаҳои иқтисодӣ ва ё ваҳдати иқтисодиро бояд бунёд кард.
Таърихи инсоният исбот кардааст, ки маҳз сулҳу ризояти ҷомеа омили бузурги тамаддунсоз, ихтиросозу бунедсоз буда, ба инкишофи ҳаёти ичтимои-иқтисодии кишвар заминаи фаррох мебахшад. Зафарёб шудани ақли закии ҷаҳонсоз дар Иҷлосияи шонздаҳум ва ба имзо расидани Аҳдномаи ризоияти миллӣ ҷараёни табиӣ инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварамонро мусоидат кард. Сарвари давлатамон аз оғози фаъолияти хеш, оид ба такмили сохтори идоракунӣ, ки ба мардум наздик бошаду, ба пешрафти ҷомеа мусоидат кунад, давра ба давра чораҳои қатъӣ андешидааст.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таърихи умумӣ н.и.т. Алишери Амирхон.