ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

 

Аз таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик маълум мегардад, ки дар тули ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти воқеӣ мубориза буда, бо талафот ва қурбонии фарзонафарзандон ин неъмати бебаҳоро ба даст овардаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфта, кишвари мо ҳамчун як давлати мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ин марди шариф тавонистанд, бо азму нияти созанда ормонҳои ҳазорсолаи миллати ҷафокашидаи тоҷикро амалӣ ва барои ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Танҳо ҷасорату ғайрати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо маъсулияти баланди инсонӣ аз манфиатҳои ҳамватанон ва кишвари азиз дар дар рӯзҳои мудҳиш ва фоҷиабор барои ин миллат ҳимоя намояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки мардуми парешону парокандаи тоҷикро бо як ғамхории ба ӯ даъват намояд. Мусаллам аст, ки маҳбуби тоҷикон дар он рӯзҳои сиёҳ ҳаёти худро дар хатар гузошта, ба кишвари ҳамҷавор ва ҷангзадаи Афғонистон борҳо сафар карда, барои баргардонидани ҳамватанони хеш бо суханҳои самимию лутфу бекарон чун фарзанди дилдодаи меҳан азму талош кард. Тавон гуфт, ки бо ваъдаи овардани сулҳ аз дарди дили ҳар як шаҳрванди ҷафокашида кудуратро берун карда, онҳо ба ватан баргардонд.

Нияту ормонҳои расидан ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти воқеӣ ба осонӣ даст надод, балки шуҷоату қаҳрамонӣ ва далериву ҷонбозиҳо ин марди накуном дар роҳи расидан ба мақсад самар дод. Ба мардуми тоҷик ваҳдати миллӣ дар сарзамини якпорчаи Тоҷикистон зарур буд ва, хушбахтона, чунин рӯз ҳам фаро расид. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москав, пойтахти Федератсияи Русия ҳуҷҷати сарнавиштсоз таҳти унвони Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин ба имзо расид ва он рўзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон эълон шуд. Қавлу қасам, вафодориву меҳрубонӣ, ҷавонмардиву садоқат, муҳаббату нияти поки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ваҳдати миллӣ дар кишварамон пойдор гардид ва дар ин роҳи душвор Сарвари давлат боварию эътимоди мардуми ҷафокашидаи тоҷикро сазовор шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофат ва ғамхориҳои беназири Сарвари давлат силсилаи нақбу шоҳроҳҳо бунёд шуда, рафту омади мардум дар тамоми фаслҳои сол осон гардид. Имрӯз сатҳи зиндагӣ хубтару беҳтар шудааст, ки аз ин ҳар як сокини мамлакат ва мардуми шукргузори тоҷик меболанд ва ифтихор аз он доранд, ки чунин сарвари оқилу доно роҳбари онҳост. Дар воқеъ тоҷиконро сарвари бузурге насиб гаштааст, ки бо доною ғамхорӣ, ҳушёрию бедори сиёсӣ ва наксириштӣ азиз қалбҳо шудааст. Моро зарур аст, ки ба қадри ҳар нафасе, ки аз фазои сулҳу субот ва истиқлолияти воқеӣ мекашем бояд расид. Ваҳдати миллӣ дастовардест, ки бо истиқлолияти комил Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Ин ду падида волотари дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин маҳсуб мешаванд. Истиқлолият баландтарин ва пурмазмунтарин дастоварду давлатдории тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ ормони азалии тоҷикон дар асри XX ба шумор мераванд.

Агар истиқлолият дар пайкари арзишҳои миллӣ узви марказӣ ба шумор рафта, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик бошад, пас Ваҳдати миллӣ дар ин пайкар ҷон аст ва дар давлатдориву давлатсозии тоҷикон нақши муассир мебозад.

  • Иҷрокунанда Сармутахассиси маркази тестӣ ва бақайдгирӣ
  • Саидзода Раҷабали Ҳокимҷон