САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
27 июни соли 1997 дар ш. Москва музокироти байни тоҷикон анҷом ёфт. Натиҷаи онҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки худи ҳамон рӯз аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ва намояндаи махсуси дабири кулли Созмони милали муттаҳид Г. Меррем имзо гардида буд. “Ҳамин тариқ, - дар изҳороти Москва Э. Раҳмон ва А. Нурӣ, ки онро Меррем низ имзо намуда буд, гуфта мешуд, ки пас аз панҷ соли муқовимати шаҳрвандӣ, ки яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи чандинасраи кишвари мо гардид, музокироти байни тоҷикон оид ба мусолиҳаи миллӣ бомуваффақият анҷом ёфт, рӯзи деринтизори тантанаи ақл ва умед ба ояндаи осоишта фаро расид”.
Сулҳу ваҳдати миллӣ барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон неъмати бебаҳое мебошанд, ки бо саъю талошҳои мардуми тоҷик ба даст омадааст ва дар меҳвари бунёдии ин дастоварди бузурги таърихӣ заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидиро доро мебошанд. Консепсияи сулҳофарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллии тоҷикон барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати намунаи нобиғавии сулҳпарварӣ ва давлатсолорӣ пазироӣ гардидааст.
Лозим ба таъкид аст, ки то ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ – 27 июни соли 1997 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳову табрикот карда, дар ҳамаи онҳо бевосита аз дӯстӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.
Тибқи дастурҳои консептуалии сиёсати хориҷӣ ва мувофиқан дипломатияи Тоҷикистон дар марҳилаи аввали истиқлолият ба ҳалли мушкилоти мушаххас нигаронида шуда буд. Мушкилоти аввал дар наздик шудан ба самти сиёсии давлатҳои демократии пешрафта ифода меёфт. Ин маънои воридшавии тадриҷӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва самтгирӣ ба густариши манбаъҳои хориҷии маблағгузории иқтисоди кишвар ва рафъи бӯҳрони иқтисодиро дошт. Ҳадафи дуюм ба эҷоди як камарбанди амниятӣ ва ҳамсоягии нек дар периметри марзҳои Тоҷикистон ва марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигаронида шуда буд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати тӯлонӣ амалан дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ татбиқ мегардид, дар маҷмуъ, бо воқеъбинӣ ва пайгирии худ фарқ мекард. Хусусияти хоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон мутавозинии он буд, ки ба мавқеи геополитикӣ ва ҷуғрофии он дар минтақа вобаста мебошад.
Кишвари мо самтҳои асосӣ, вазифаҳои ҷорӣ ва амалӣ, принсипу усулҳои барқарор кардани робитаҳои васеъ ва ҳамкории мутақобилан судмандро муайян намуда, дар солҳои истиқлолият онҳоро бомуваффақият татбиқ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии некро нигоҳ дошт. Самти мазкур дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба инкишоф додан ва мукаммал сохтани фаъолияти сиёсати хориҷиро пешбинӣ менамуд. Афзалият дар робита бо ҷаҳони хориҷ ба кишварҳое дода шуд, ки рушди минбаъдаи муносибатҳо бо онҳо ба манфиатҳои дарозмуддат ва стратегии Тоҷикистон бештар мувофиқат мекунанд.
Фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои рушди босуръати кишвар, таҳкими сулҳ дар он, эҳёи иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, татбиқи муваффақонаи ислоҳоти демократӣ, мустахкам намудани асосҳои сохти конститутсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба дарки мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат намуд.
Маҳз баъди истиқрори сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати созандаи хориҷӣ шуруъ намуд, ки моҳияти он аллакай дар Муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон ифода гашта буд. Дар меҳвари сиёсати хориҷии кишвар тараннуми сулҳ дар ҷаҳон, пешниҳоди формулаи сулҳ ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва низоъҳои миллӣ, пешниҳод ва ташаббусҳо барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти саҳми муассир дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва пешниҳоди Формулаи сулҳ барои Раисии Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб гардид. Дар чаҳорчӯбаи ин Иҷлосия 1 октябри соли 1999 ӯ пешниҳод кард, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон гардад.
Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Пас аз воқеаҳои сентябри соли 2001 Тоҷикистон худро бештар ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳис кард. Тағйирот дар сиёсати ҷаҳонӣ бинобар зуҳури таҳдиду чолишҳои нав оғоз ёфт, зеро бо оғози амалиёти зиддитеррористии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон Тоҷикистон дар ин марҳалаи нав нақши назаррас бозид. Ҳукумати ҷумҳурӣ чандин сол боз кушиш менамуд, ки амалҳои ҷомеаи ҷаҳонро нисбат ба Афғонистон ва ҳаракати Толибон фаъол намояд. Ҷумҳурии мо, ки яке аз кишварҳои камшуморе буд, ки Афғонистонро замина барои муборизаи зидди ифротгароён, терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тиҷорати силоҳ ҳисоб карда, бо он тамоман робита надошт. Аз ин рӯ, амалиёти зиддитеррористӣ комилан ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон мувофиқ буд.
Меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ ба мо чунон рӯ овард, ки ҷумҳурӣ аз мавқеи канорӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ дар сафи пеш қарор гирифт. Возеҳ гардид, ки чолишҳо ва таҳдидҳои нав аз сиёсатмадорон тақозо мекунанд, ки стратегияи амниятии худро дар миқёси ҷаҳонӣ тағйир диҳанд. Дар қаринаи мубориза бо хатару таҳдидҳои нав на танҳо миёни қудратҳои бузург, балки дар байни тамоми кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамбастагии истисноии манфиатҳо ба назар мерасад, зеро шумораи ками давлатҳо дар ихтиёри худ воситаҳои муҳофизати худро доранд. Ҷанг алайҳи терроризми байналмилалӣ ИМА ва Ғарбро ба Тоҷикистон наздиктар кард ва мо ба муносибатҳо ва дурнамои худ аз нигоҳи нав шурӯъ кардем.
Дар назди Тоҷикистон вазифаи душвор – ҳимояи манфиатҳои миллӣ-давлатӣ дар партави зиддиятҳои байни бозигарони асосӣ ва ҳамзамон тағйир наёфтани сатҳи муносибатҳои стратегӣ, шарикӣ, дӯстона бо кишварҳое, ки дар минтақа нуфузи анъанавӣ доштанд ва муносибат бо бозигарони нав дар Осиёи Марказӣ гузошта шуда буд. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар 31 декабри соли 2002 дар Паёми солинавии худ ба мардуми тоҷик хусусияти бисёрсамтии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард. Сиёсати бисёрҷанбаи хориҷии Тоҷикистон, доктринаи «дарҳои боз» ба он мусоидат кард, ки бидуни тағйир додани хатти стратегии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷумҳурӣ тавонист худро ҳамчун шарики доимӣ, пешгӯйишаванда ва боэътимод, ҳамчун субъекти муносибатҳои байналхалқӣ муайян кунад.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи касби истиқлолияти сиёсӣ дар охири асри ХХ сифатан зуҳур намуда, тадриҷан барои ташаккули ниҳодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккаби таърихӣ ба қабули асноди муҳимми соҳавӣ ва иқдомҳо ҷиҳати дарёфти маоқми шоиста дар саҳнаи ҷаҳонӣ шуруъ намуд;
Ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷ гаштани сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушкилоти молиявӣ дурнамои рушди кишвар ва сиёсати хориҷиро зери суол монданд, вале Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон заминаи тарҳрезии дипломатияи сулҳу оштӣ, сиёсати хориҷии санҷидашуда гардид. Маҳз иродаи қавӣ, устуворӣ ва фидокории Пешвои миллат омили асосии истиқрори сулҳ, Ваҳдати миллӣ, бозсозии баъдиҷангӣ ва эътирофи кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад;
Арзишҳои сиёсати хориҷӣ ва самтҳои афзалиятноки он, ки аз Муроҷиатномаи аввалин ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва Конститутсия бармеомаданд моҳиятан сиёсати бисёрсамтӣ ва дарҳои кушодро ифода менамуданд. Вале бинобар идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти молиявӣ ва бозсозии баъдиҷангӣ оғози расмии он дар ибтидои асри XXI гузошта шуд.
- Иҷрокунанда: мутахассиси раёсати илм ва инноватсия
- Ҳамидов Фарух