МАРҲИЛАҲОИ МУЗОКИРОТИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ОН

МАРҲИЛАҲОИ МУЗОКИРОТИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ОН

МАРҲИЛАҲОИ МУЗОКИРОТИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ОН

 

Бе шубҳа ҳама гуна саодати миллат аз ваҳдат аст. Зеро, ки ҳама гуна ҷангу хушунат фоҷеа аст ва муҳоҷирати аҳолиро аз хонаву кошонаи худ ба сӯи ноумедиву бесомонӣ дар пай дорад.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар кишвар тағйироти куллӣ ба вуқуъ пайваст, ки ин тағйирот дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон ҳодисаи нодир ва дастоварди арзишманд барои миллати тоҷик маҳсуб мешуд. Яъне 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи худро пайдо намуд. Ҳазамон аз ҷониб созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, давлатҳои ҳамсоя, кишварҳои хориҷи дуру наздик истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Ин ҳама барои миллати тоҷик аз бузургтарин дастоварди миллӣ баъд аз 1000 соли бе ҳокимиятӣ (яъне надоштани истиқлолияти комил) маҳсуб меёфт, ки гӯё офтоби бахт ба рӯи миллати тоҷик нӯрпошӣ намуда бошад ва шодии миллати тоҷикро аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳадду канор набуд.

Бадбахтона ин шодиву нишоти миллати тоҷик дер давом накарда, бо дахолати кишварҳои муайяни хориҷӣ, қувваҳо ва душманони дохилӣ, ки истиқлолияти миллати тоҷикро намехостанд, билохира дар кишвар ҷанги шаҳрвандии бародаркӯш ё ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. Ин ҷанг барои миллати дар ҳоли эҳёи давлатдорӣ бе ниҳояд вазнин буд ва эҳтимоли аз байн рафтани кишвари тозаистиқолол ва тақсим шудани кишвар, ҳамчунин аз харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон бо эҳтимоли зиёд аз байн мерафт. Кишварро ноамнӣ, бекорӣ фақр ва бенавоӣ фаро гирифт.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёт, рӯҳияи мардум вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон таъсири манфии худро расонида, дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар 10 миллиард доллари ИМА хисороти иқтисодӣ расонид. Дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ наздики 1 миллион нафар шаҳрвандон ҳамчун гурезаи иҷборӣ ба кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркменистон, Украина, Федератсияи Росия шуда, 1,5 миллиони дигар дар дохили кишвар тағйири макони зист намудаанд.

Бо иттилои маъхазҳо 35 723 хона хароб гардида, аз ин миқдор 21740 хона пурра вайрон карда шуда буданд. Иловар бар ин, дар баъзе минтақаҳое, ки макону қатлу кӯштор буданд, тамоми инфрасохтори ҷамъиятию маданӣ ва тиҷоратӣ: китобхонаҳо, мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва амсоли инҳо ба коми оташ рафтаанд.
Мақсад аз овардани ин рақамҳо, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст пеш аз ҳама ба он хотир аст, ки мо ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расида бошем. Зеро, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари хисороти болозикр ҷони 150 000 нафарро аз байн бурд, ки дар натиҷа ҳазорҳо зан бадбахт ва ҳазорҳо наврасону кӯдакон ятим мондаанд.

Дар ин айём шахсияте лозим буд, ки кишварро аз парокандагӣ наҷот дода, бар зидди дӯшманони бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба монанди Абумуслим, Муқаннаъ, Сумбоду Восеъ ва садҳо паҳлавонону қаҳрамонон, к баҳри истиқлолхоҳӣ ва ҳифозати марзу буми аҷдодӣ, ки қиём кунанду миллатро аз парокандагӣ ҳифз намоянд.
Дар ин раванд ба сари қудрат бояд шахсияте меомад, ки тавонад бо ақли солим ва ерӯи ватандӯстиву шуҷоатмандӣ ва бо азму иродаи мустаҳкам дар дар муқобили ҳамагуна хатар истодагарӣ кунаду кишварро аз парокандагӣ наҷот диҳад, чун обу ҳаво лозим буд. Ана ҳамон хислатҳои болозикр куллан дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд буд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист орзуву ормони ҳазорсолаи бузургони миллат, чун Фирдавсиву Абумуслим, Муқаннаву Сумбодро, ки бунёди давлати миллӣ яке аз орзуҳои амалинагаштаи онҳо ба шумор мерафт, дар амал татбиқ намуданро пешаи кору пайкори худ қарор дода, тавонист, рӯҳи миллӣ забони миллӣ, давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллиро дубора эҳё намояд.
Боиси зикри хос аст, ки миллати тољик пас аз он ки фољиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рў овард, зарурати Вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист.

Ҳамзамон мо ҳар як фарди соҳибақл бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрўзаву дурўза нест, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи авомили гуногуни ҳоло дар ҷомеа вуҷуд доштаро талаб мекунад, ки дар ин раванд нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат ба ғоят бузург аст.

Устуворшавии арзишҷои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъол гардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ў, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рўҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд.

Қобили зикри хос аст, ки ташаббускори роҳи ҳалли осоиштаи моҷаро бо мухолифин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Ў дар яке аз баромадҳояш иброз намуда буд: «Мо бо ҳамаи нерўҳои манфиатдоре, ки барои баровардани мамлакат аз бўҳрони иқтисодию сиёсӣ, мехоҳанд муколама намоянд омода ҳастем».

Пешвои муаззами миллат бо ин ваъдаи додаи худ вафо намуда, бо гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати давр борҳо гуфтушунид намуда, роҳҳо ва воситаҳои таъмини сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ намуда, баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон, сарҷамъии миллат ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар пайваста бо масъулияти баланд қадамҳои устувор мемонданд.

Ҳамин тариқ, раванди мусолиҳаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имзо намудани Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерўҳои Оппозитсионии тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ сурат гирифтааст, оғоз меёбад. Созишномаи мазкури умумӣ ҳуҷҷати муҳиму тақдирсозе гардид, ки сиёсати дохилӣ хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли дигар намуд. Тадриҷан авзои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро ба ҳолати нав овард, он ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки 5 сол идома пайдо намуд хотима дод. Садҳо ҳазор одамонро, ки берун аз Ватан дар дигар давлатҳо маскан гирифта буданд, яъне аз ғурбат ба Ватан баргардониданд. Дар дилу дидаи кулли мардуми тоҷик шуълаи умед партавфишон намуд.

 

  • Исмоилзода М.И. – декани факултети идоракунии
  • давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара
  • Азизов К.Ҷ. – н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи фанҳои
  • гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара