РУШДИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

РУШДИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

РУШДИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАР ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

(бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Кишвари мо баъд аз истиқлолият ба даст овардан дар ҳамаи соҳаҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор гардид. Маълум аст, ки дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодӣ амал мекард, ки он баъд аз пошхўрии ин иттиҳоди абарқудрат аз байн рафт. Дар баробари ин, хисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардид. Аз тарафи роҳбарияти мамлакат пеш аз ҳама дар кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба миён гузошта шуд. Бо дарназардошти ҳамин, Ҳукумати кишвар барои инкишофи минбаъда чор ҳадафи стратегиии рушди иқтисодиётро ба нақша гирифт: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар.

Дар раванди амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии кишвар доимо бо таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон барои тараққи додани истеҳсолот, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши хоса дорад. Чи тавре, ки аз Паёмҳои Сарвари давлат бар меояд рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти пурраи энергетикӣ ғайриимкон аст, бинобар он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуботи соҳаи энергетика ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Захираҳои обии Тоҷикистон дар қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Пиряхҳо сарчашмаи дарёҳо буда, шумораи онҳо дар чумҳурӣ 9 475 ададро ташкил медиҳад, ки масоҳати умумии майдони яхбастаи онҳо 11 000 километри квадратиро дар бармегирад. Шумораи умумии дарёҳо ва нарҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 000 ададро ташкил мекунанд, ки дарозии умумияшон қариб 90 000 километрро дар бар мегирад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои калон ба монанди Панҷ, Вахш, Сир, Кофарниҳон ва Зарафшон ҷорӣ мешаванд, ки даҳо нерўгоҳҳои обӣ, ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халки минтақаи Осиёи Марказиро бо об таъмин месозанд. Шароити кўҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли нерўи барқ хеле мусоид аст, бинобар ин аз нигоҳи муҳандисӣ, сохтани нерўгоҳҳои обию барқи нисбат ба дигар минтақаҳои саёра камхарҷ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гидроэнергетика омили муҳими тараққии энергетика ба ҳисоб меравад, ки аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол мекунад. Захираҳои энергетикаи обӣ 527 млрд кВт/с аст. Дар сурати истифодаи тамоми захираҳои энергетикӣ Тоҷикистон метавонад яке аз давлатҳои муҳими содиркунандаи нерўи барқ дар ҷаҳон ба ҳисоб равад.

Солҳои 2009-2012 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 121 адад НБО хурд бо иқтидори аз 5 то 4 300 кВт ба истифода дода шудаанд, ки иқтидори умумиашон 13 500 кВт-ро ташкил менамуд. Нерўгоҳҳои мазкур 6 745 хоҷагиҳо, 48 мактаб, 22 муассисаҳои тиббӣ, 16 адад нуқтаҳои савдо ва 82 адад муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқро бо нерўи барқ таъмин намуда, дар ин иншоотҳо 58 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шудааст.

Дар рафти сохтмони иншоотҳои мазкур, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, сармоягузорони ватанӣ, ташкилотҳои байналхалқии маблағгузор назаррас мебошад. Дар шароити муосир, иқтидори иқтисодии истифодабурдашуда танҳо 6%-ро ташкил медиҳаду халос.

Аз тарафи дигар бошад, иқтисодиёти Тоҷикистон аз воридоти гази табиӣ, нафт ва дигар сўзишвориҳо вобастагии калон дорад. Аз ин лиҷоз ҳаллу фасли муаммоҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ барои баланд бардоштани амнияти иқтисодии Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама барои бунёди нерўгоҳҳои обиву барқӣ, таъмиру таҷдиди инфрасохторњои онњо сармояи хориљиву ватанї љалб шуда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки дар муддати кўтоҳтарин нерўгоҳи барқи обии Сангтуда-1 (иқтидор 670 МВт), ки бо истифодаи сармояи муштараки Россияю Тоҷикистон, ҳамчунин нерўгоҳи барқи обии Сангтуда-2 (иқтидор 220 МВт), аз тарафи ширкати эронӣ ба истифода дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмонӣ нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Роғун дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аҳамияти хело калон дорад. НБО Роғун дорои 6 агрегат буда, иқтидораш 3,6 млн кВт, иқтидори солонааш 13,1 млрд. кВт соат мебошад. Дарозии сарбанди НБО-и Роғун 335 метр буда, обанбори он зиёда 13 млрд кв3 обғунҷоиш дорад. Сохтмони Роғун имконият дорад, ки Тоҷикистонро пурра бо қувваи барқи доимӣ таъмин намояд ва қисми онро ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содир кунад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, 24 апрели соли 2010 дар бораи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта шудааст: «Мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тољикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисод буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриљан амалї карда мешаванд. Ҳадафҳои зикршуда, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд».

Захираи гидроэнергетикии фаќат дарёи Вахш 45 млрд. КВт/с дар як сол мебошад. Тољикистон бо ба кор андохта шудани нерўгоњњои сохташаванда метавонад дар як сол 33,5 млрд. кВт/с барќ истењсол кунад. Дар њоле ки талаботи љумњурї дар як сол 21,4 млрд кВт/с. мебошад.

Њоло калонтарин нерўгоњ НБО Норак бо иќтидори 3000 мВт аст, ки дар як сол ба њисоби умумї  11,2 млрд. кВт соат барќ истењсол мекунад.

Ҳарчанд ки дар кишвари мо истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ хеле кам аст, вале захираҳои гидроэнергетикиамон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад.

Тавре, ки Президенти мамлакат иброз намуданд: “Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад”.

Зеро дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳаммияти хосса дорад.

Дар ин росто, бар пояи татбиқ гузоштани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз аҳаммияти хоссае бархурдор хоҳад буд.

Дар ин робита сарвари давлат бамаврид иброз доштант: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем».

Дар Ҷумҳурӣ зиёда аз 98 % истеҳсоли нерўи барқ дар нерўгоҳҳои обї истењсол мегардад, таљриба нишон дод, ки дар тамоми дунё, худи соњаи гидроэнергетика бисёртар аз боду њаво ва табиат вобастагии калон дорад, бинобар ин дар мавриди аввал дар баробари сохтмони НБО хурд ба сохтмони НБО миёна ва калон ањмияти љидди дода мешавад, ки дар ин њолат мо метавонем истиќлолияти энергетики мамлакатро ба даст оварем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба комёбиҳои бузурги дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардид, ки чунин далелњо онро гувоњї медињанд:

  • Оғози корҳои барқарорсозӣ ва мавриди истифода қарор додани агрегатҳои 1-ум ва 2-юми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун;
  • Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”;
  • Оғози татбиқи лоиҳаи  КАСА – 1000;
  • Таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак;
  • Бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон”; Хати интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, Ба истифодадиҳии навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 - бо иқтидори  400 мегаватт, ба истифода додани хатҳои интиқоли баландшиддат дар ноҳияи Шаҳринав, шаҳрҳои  Турсунзода, Панҷакент, Кайроққум-Ашт, Айнӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст.

Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани НБО хурду бузург, хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуда буд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хати интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВ зиёд ба истифода дода шуданд.

Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин расидан ба рушди устувор шаҳодат медиҳанд. Ҳамкориҳои судманд ва амалҳои мувофиқашуда дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, бешубҳа, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди натанҳо вобаста ба об, балки амалӣ гардонидани дигар аҳдофу масъалаҳо мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Чунонки дар боло қайд кардем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.

Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст. Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар роҳи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамаи моро зарур аст, ки масъулияти баланд нишон дода, ӯҳдадориҳои хешро дар пардохти маблағи истифодаи барқ иҷро намоем, дар тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисту обанборҳо ва дарёву кӯлҳо, риояи талаботи бехатарӣ дар истифодаи барқ саҳмгузор бошем.

 

Алиев Фирдавс – декани факултети муҳандисӣ ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ.