ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва арзишмандтарин неъмати воло барои миллати сарбаланди тоҷик таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Моро ҳамчун пайравони асили ин абармарди таърихӣ ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон дар арсаи ҷаҳон зарур аст, ки аз ин дастоварди бузург ифтихор намуда, онро гиромӣ дорем ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

24-уми августи соли 1990 дар як давраи шадиди муқовиматҳои сиёсӣ Иҷлосияи XI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардида, Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.

Дар асоси изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 9-уми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти комили Тоҷикистон бо иқдоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябри соли 1992 зимни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар Қасри Арбоб масоили бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон ба миён гузошта шуда, диққати тамоми сиёсатмадорони ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд. Бо гузашти айём вақт нишон дод, ки имрӯз Тоҷикистон дар воқеъ ба як давлати воҳид, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мубаддал гаштааст.

Имрӯзҳо ҷомеаи тоҷикистонӣ бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонда, истиқлоли давлатиро, ки шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр аст, таҷлил менамоянд.

«Истиқлолияти давлатӣ рамзи муттаҳидию соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду муттамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому манзалати муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Мо дар арафаи ҷашни умумимиллии 32-юмин солгарди таҷлили соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон қарор дорем. Дар ин раванд татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалисозии ислоҳот дар соҳаи иқтисоди миллӣ, бахусус беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозии тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар фазои мусоид барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фароҳам омадааст.

Ҳукумати мамлакат ислоҳоти сохтори давлатиро бо мақсади пешбурди сиёсати иҷтимоӣ, ташкили фаъолияти самаранок ва хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф бо роҳи гузариш бо низоми идораи хоҷагии халқ дар асоси муносибатҳои иқтисодии бозорӣ интихоб намуда, аз рӯйи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ асоси иқтисоди бозориро тавассути ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ба роҳ мондааст.

Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба даст омадааст, дар ҷумҳурӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, инчунин Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабул гардида, барои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ зиёда аз 100 барномаи соҳавӣ ва 47 барномаи минтақавӣ таҳия гардидааст.

Таҳия ва қабули Барномаҳои болозикр дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави бозоргонӣ яке аз тарбирҳои муҳим дар рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии мамлакат таҳти сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад. Зеро дар шароити рақобатпазирӣ ва пайдо намудани мавқеъи давлат дар бозори ҷаҳонӣ андешидани чораҳои таъхирнопазири мазкур авлавият пайдо мекунад.

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», сипас дар заминаи Ҳадафҳои нави рушди устувор, ки соли 2015 дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк қабул гардида буд, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (минбаъд – СМР-2030) таҳия гардид.

Дар сурати амалӣ намудани тадбирҳои СМР-2030 кишвари азизи мо метавонад то соли 2030 дар ҷадвали рушди сармояи инсонӣ на кам аз мавқеи 50-ум дар рейтинги мамлакатҳо (ҳоло дар ҷойи 65) ва аз рӯйи рейтинги «Пешбурди тиҷорат» ҷойи 60-умро (имрӯз мавқеи 112-ро дар байни 189 кишвар) бояд ишғол намояд.

Дар ҳуҷҷати стратегии мазкур се марҳилаи панҷсолаи рушд пешбинӣ шудааст:

  1. Гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт (солҳои 2016-2020).
  2. Рушди босуръати иқтисодиёт, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос меёбад (солҳои 2021-2025).
  3. Ба анҷом расонидани индустриализатсияи суръатнок тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бо назардошти рушди илм ва инноватсия (солҳои 2026-2030).

Дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ барои аз 81%-и соли 1999 то 31,6% дар соли 2015 ва 22% дар соли 2022 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат менамояд.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба имрӯз 3,8 маротиба афзуда, рушди миёнаи он дар як сол 7,1 фоизро ташкил медиҳад. Рушди иқтисодиёт дар ин давра ба шарофати афзоиши мунтазами фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин гардид.

«Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли 1997 то ба имрӯз 3,5 маротиба, маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 маротиба, ҳаҷми боркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт 2,1 маротиба, мусофиркашонӣ 5,2 маротиба, ҳаҷми гардиши савдои чакана 5,3 маротиба ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 9,7 маротиба афзуда, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 63,8 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 19,6 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ 25,3 маротиба (нисбат ба соли 2000-ум) афзоиш ёфтаанд».

Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки то имрӯз комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникию илмӣ бо 42 давлати ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ монда, фаъолияти иқтисодию хориҷии кишвари моро дар доираи робитаҳои дуҷониба муаррифӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА), Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС), фонди байналмилалии наҷоти Арал (МФСА) ва бисёре аз ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ гаштааст. Инчунин бо ташаббус ва талошҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 32-соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ ва аксарияти давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, давлатҳои Осиё, Шарқи Наздик ва Миёна, давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, Хитой, Ҳиндустон робитаҳои бевоситаи иқтисодӣ барқарор намуд.

 Асоси чунин пешрафти иқтисодӣ ва муътадилии вазъи сиёсии мамлакат ба тадбирҳои муҳим ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат вобастагии қавӣ дорад. Аз тарафи дигар, бояд қайд кард, ки ин тамоили рушдро созмонҳои дар ҷаҳон шинохташудаи байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳидаи мутараққии ҷаҳон дастгирӣ намуда, бо барномаҳои муштарак ва иштироки мустақим дар бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ ба барқарорсозии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи Тоҷикистон кӯмак расонидаанд.

Ин буд, ки дар марҳилаҳои аввали татбиқи стратегияҳои рушди мамлакат, натиҷаҳои мусбат ба чашм мерасид. Аз ҷумла, дар натиҷаи ташкили дурусти кор тамоили афзоиши ММД дар ду соли охири асри XX низ таъмин карда шуд. «Агар афзоиши ҳаҷми ММД соли 1999 3,7%-ро ташкил медод, пас соли 2000 он 8,3% афзоиш ёфт. Дар барномаҳои таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат пешбинӣ шуда буд, ки ҳаҷми умумии ММД соли 2001, ки ба 5,5% баробар буд, соли 2002 ин рақам ба 5,9% бояд афзоиш ёбад. Хушбахтона, ба тадбирҳои судманди андешидашуда ҳаҷми ММД дар соли 2002 нисбат ба соли 1997 11,4% афзоиш ёфт, ки ин дар муқоиса ба соли 1989 (соли нишондиҳандаҳои аз ҳама баланди макроиқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон) 51,4%-ро ташкил намуд».

Таҳлили рақамҳо нишон медиҳад, ки то имрӯз механизми истифодаи пурраи иқтидори иқтисодии мамлакат ба қадри кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин омил дар ояна ба татбиқи пурраи Барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат вобастагии амиқ дорад.

Бо мақсади рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо назардошти татбиқи Барномаи Энергияи сабз (тавлиди энергияи аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва ба муҳити атроф безарар), ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар қатори дигар иқдомҳои созанда бунёди лоиҳаи интиқоли нерӯйи барқи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000, лӯлаи интиқоли транзитии гази Туркманистон-Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути Тоҷикистон, роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, роҳи оҳани Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Россия, роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Ҷумҳурии Халқии Хитой ва боз даҳҳо лоиҳаҳои дигар тарҳрезӣ ва ба тадбиқи онҳо оғоз ниҳода шуд, ки хусусияти зерсохторӣ дошта, барои иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Беҳтар гаштани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва дорои иқтисоди кушод ва идомадиҳандаи ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ муаррифӣ намуд, ки дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят муассир мебошад.

Дар ин давра мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ устувор гардида, Тоҷикистон 3 маротиба (солҳои 2010, 2011 ва 2015) ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотпазир тибқи ҳисоботи «Пешбурди тиҷорат»-и Бонки ҷаҳонӣ шомил гардид ва соли 2016 аз рӯйи ҳисоботи ин ниҳоди иқтисодии ҷаҳонӣ мавқеи кишвари мо якбора 34 зина боло баромад.

Ҳамзамон, дар партави ислоҳоте, ки таҳти сарварии Пешвои миллат гузаронида шуд, соли 2015 Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони беҳтарини муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, бо ҷоизаи «Ховард»-и Бонки ҷаҳонӣ ва Конфедератсияи Дания оид ба саноат сарфароз гардид.

Соли 2016 дар доираи фаъолияти Шурои миллии рушд лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 таҳия ва мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва фаъолияти пурсамари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи кишвар бартараф гардида, ба бунёдкориву созандагӣ, ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ асос гузошта шуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои асосӣ муайян карда шуданд.

Бо мақсади ҷалби сармоя ва технологияи хориҷӣ, рушди корхонаҳои хурду миёна, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содирот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ, азхудкунии мавзеъҳои нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ), аз ҷумла МОИ-и «Суғд» – истеҳсолию инноватсионӣ дар масоҳати умумии 320 гектар, МОИ-и «Панҷ» – комплексӣ дар масоҳати умумии 400 гектар, МОИ-и «Ишкошим» – истеҳсолию тиҷоратӣ дар масоҳати умумии 200 гектар ва МОИ «Данғара» – истеҳсолию инноватсионӣ дар масоҳати умумии 521 гектар ва МОИ “Кўлоб” таъсис дода шудаанд.

Дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳо ҷиҳати тезонидани рушди соҳаҳои иқтисодиётӣ миллӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ рушди назарраси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию молиявӣ бараъло мушоҳида карда мешавад. «Дар ин давра иқтисодиёти мамлакат нисбат ба соли 2021-ум 4,5% афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7%, кишоварзӣ 8,8% ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8%, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8% афзоиш ёфта, заминаи рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулотҳои озуқаворӣ нисбат ба соли 2019-ум 28,3% афзоиш ёфтааст, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат менамояд».

Оморҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ба маблағи беш аз 504 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 103 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Инчунин дар соли 2019 дар мамлакат 300 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст, ки самараи соҳибистиқлолӣ буда, ба некӯаҳволии маскунони кишвар мусоидат мекунад. Ин нишондиҳандаҳо то рафт инкишоф меёбанд, ки аз омили мусоиди сиёсию иқтисодӣ дар фазои орому осудаи мамлакат таҳти сарварии хирадмандонаи фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Соли 2026 шумораи корхонањои саноатї дар љумњурї бояд ба 3500 адад расонида шавад, ки дар навбати худ барои бо љойњои корї таъмин намудани сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари таъмини сулҳу оромӣ, амнияти миллӣ, баргардонидани гурезагон ба ватан, ки аз вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт ва ҳалли масоили рушд ва инкишофи иқтисодиёти кишвар, тадбирҳои созандаву муассир барои беҳдошти некуаҳволии мардум ва рафъи мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварӣ дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуданд, ки айни замон низ пайваста таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Пешвои миллат иқтисодиётро рукн ва маҳаки асосии пешрафти кишвар дониста, дар баробари ҳалли масъалаҳои доғи рӯз аз ибтидои фаъолияти хеш роҳҳои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва ниҳодҳои таркибии онро муайян намуданд.

Дар такя ба таҳлилҳои болозикр ва гиромидошти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон ҳосил бояд кард, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии мардуми шарафманди тоҷик дар ояндаи наздик кишвари азизамон Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутараққии минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми шарафманди кишвари азизамонро ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва зиндагии осоиштаро хоҳонам.

Қудратзода Парвиз Қудрат – номзади илмҳои

иқтисодӣ, декани факултети молия

ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара