ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хуб қайд кардааст: «Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».

Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯза буда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ вобастагӣ дорад. Новобаста ба он, ки масоњати заминҳои корам дар ҷумҳурӣ маҳдуд аст, аммо шароити хоку иқлими Тоҷикистон (фаровонии об ва ҳарорат) имконият медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ, майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода гарданд.

Имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ низ ба он равона карда шудааст, ки ҳар порча замин ва рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда шуда, маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд бардошта шаванд. Илман асоснок кардану дар амал татбиқ намудани раванди истеҳсоли ду ҳосил аз як қитъаи замин дар як сол ҳалли худро ёфта, раванди минбаъда илман асоснок кардан ва дар амал татбиқ намудани гирифтани се ҳосил ва зиёда аз он дар як сол ва дар як қитъаи замин мебошад. Ин раванд тавассути татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва ба хусус парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, сабзавоту картошка, зироатҳои полизӣ ва зироатҳои равғандиҳанда мақсаднок мебошад.

Дигаргуниҳои замони муосир, аз ҷумла – таъсири тағйирёбии иқлим, доман паҳн кардани маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда дар истеҳсолот, хатари экологӣ, фалокатҳои табиӣ, зиёд шудани алафҳои бегона, касалию ҳашароти зараррасон ва амсоли инҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ як қатор мушкилотро ба миён овардаанд. Аз тарафи дигар, бо маром зиёдшавии аҳолии кишвар, рушди соҳаҳои саноат, беҳгардии инфраструктураи шаҳру деҳот, боиси кам шудани масоҳати майдонҳои кишт гардида, ба раванди расидан ба амнияти ғизоӣ мушкилот эљод кардаанд.

Тибқи пешниҳод ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд қитъаҳои наздиҳавлигӣ низ самаранок истифода шаванд. Истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ имконият медиҳад, ки дастархони аҳолии кишвар пурнозу неъмат гардад. Бинобар ин, механизатсиякунонии хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва истифодаи самараноки қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Аз ин нигоҳ, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он равона карда шудааст, ки рушди соҳаи кишоварзиро таъмин намуда, ба амнияти ғизоӣ дар кишвар даст ёфта, зиндагии шоистаро барои мардуми ҷумҳурӣ муҳайё созад.

Дар заминаи рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тавассути зина ба зина татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, дар баробари дигаргуниҳои замони муосир, пешрафти иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла рушди якмароми соҳаи кишоварзӣ низ қисман таъмин карда шуда истодааст. Аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Дар бахши кишоварзӣ барои расидан ба ин ҳадаф, тавассути рушд бахшидани низоми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бартараф намудани талафёбии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ, расидан имконпазир мегардад. То ҳадди имкон кам кардани талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ бинобар сабаби коркард нашудан ва дастрасӣ ба бозори истеъмолӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи даромаднокӣ афзун гардида, зинаҳои гузариш ба кишвари саноатию аграрӣ таъмин карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсироти офатҳои табиӣ, омилҳои буҳронӣ ва антропогенӣ дар сатҳи зарурии устувор ќарор дошта, ба њисоби миёна 18-21%-и маљмўи мањсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо вуљуди њамаи ин то њол масъалањои муњими сиёсати аграрї, аз љумла номуайянии шаклњои рушди минбаъдаи соњаи кишоварзї, ки дар бахши иќтисодї асосї њисобида мешаванд, баррасї нашудаанд. Бинобар ин бо маќсади баланд бардоштани самаранокии истењсолоти кишоварзї ва амалигардонии фармону супоришњои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзӣ чандин қонуну қарорҳо ва барномањои мақсаднокеро оид ба рушди кишоварзӣ қабул кардаанд ва амалигардонии онҳо то ҳоло идома доранд.

Чи тавре, ки қаблан қайд карда шуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият доир ба тараққиёти соҳаи кишоварзӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд. Аз он ҷумла, барномаҳои мақсадноки ҳукуматӣ оид ба рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ то давраи 2015-ум сол қабул гардида, мавриди татбиқ қарор дода шуд.

Ҳамин тавр Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба мақсади таъмини амнияти озуқавии мамлакат барномањои зиёди мақсаднокро тасдиқ кардааст ва солҳои 2012-2020-ро соли рушди соҳаи кишоварзӣ эълон намуда буд. Ҳамчунин солҳои 2012-2016 соли рушди картошкапарварӣ эълон шуда буд.

Яке аз барномаҳои мақсаднок ин Барномаи ислоњоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро барои солҳои 2012-2020 қабул кардаанд ва он ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад ва тамоили содиротидошта пешбинӣ шудааст, ки ин аз вазифаҳои умумии баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ барои ноил гаштан ба амнияти озуқавории давлат ва таҳкими мавқеи он дар тақсимоти минтақавии меҳнат бармеояд. Барномаи мазкур дар заминаи чунин ҳуҷҷатҳои стратегии дар ҷумҳурӣ қабулшуда, ба мисли Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2012, Барномаи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидаанд ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд. Ҳамаи ин барномаҳои мақсаднок дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Масалан, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна дар соли 2022 ва дар ин замина тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Солҳои охир тағйирёбии шароити агроиқлимӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад, ки ба рушду нумуъ, маҳсулнокӣ ва сифати ҳосили зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Устувории навъҳо ба касалию ҳашароти зараррасон паст мегарданд. Аз тарафи дигар норасоии нурињои органикї ва нуриҳои минералӣ боиси паст шудани ҳосилхезии хок ва шуршавии заминњои корам гашта истодааст.

Дар заминаи рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути зина ба зина иҷро кардани барномаҳои давлатии мукаммал дар баробари таҳаввулоту дигаргуниҳои замони муосир пешрафти иқтисодиёти мамлакат назаррас мебошад. Аз марҳилаи аграрию саноатӣ ба самти саноатию аграрӣ ва инноватсионӣ гузаштани соҳаи кишоварзӣ тавассути тараққӣ додани низоми (системаи) коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани амнияти озуқавории аҳолӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ барои сокинони мамлакат аз ҷумлаи тадбирҳои саривақтӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироатҳо ғайриимкон мебошад.

Дар Барномаи болозикр нуқтасанҷона дарҷ гардидааст: “Бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амали намудани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

  • таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба соҳҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии онҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
  • баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;
  • амалӣ намудани  нақша – чорабиниҳо доир ба татбиқи “Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиатшиносї, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;
  • фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо;
  • амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир;
  • таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ;
  • муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;
  • таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;
  • тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Ноҳияи Данқара яке аз мавзеъҳои асосии кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки самти асосияш ғаллакорӣ, сабзавотпарварӣ, боғдорӣ, полизипарварӣ, зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳия ба 38 769 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 11 562 га, лалмӣ 27 207 га мерасад.

Аксари нишондиҳандаҳои омории ноҳия оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қаноаткунандаанд, лекин дар баробари ин мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд. Пеш аз ҳама риоя накардани талаботҳои муҳими агротехникӣ, зиёд шудани касалию ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ, зиёд шудани алафҳои бегона ва дигар омилњо ба кам шудани ҳосилнокӣ ва паст шудани сифати маҳсулот мусоидат намуда истодаанд. Бинобар ин олимони факултети аграрии Донишгоҳи давлатии Данғара (Музафарзода Д.М., Бобоев А.А., Расулзода Б.Р., Ҳафизов А.А.) китобу воситаҳои таълимӣ омода намудаанд, ки деҳқонон метавонанд муроҷиат намоянд. Китобҳо ба беҳтар намудани истеҳсоли маҳсулот бо тавсияи олимону мутахассисон пешниҳод мегарданд ва дар пешрафти ояндаи соҳа таъсири мусбӣ мерасонанд.

Бояд зикр намоям, ки ҳамкории олимону мутахассисони Донишгоҳи давлатии Данғара бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ноҳия дар самти парвариши зироатҳо қобили дастгирӣ мебошад. Дар донишгоҳ аз соли таъсисёбии он мутахассисони соҳаи агрономӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, тайи солҳои охир оид ба метрология ва стандартизатсия, тибби байторӣ ва дигар ихтисосҳо омода карда мешаванд, ки барои фаъолият дар ноҳия муҳим мебошанд.

Музафарзода Д.М. – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара