“РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...”

“РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...”

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ РӮДАКӢ

  • РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...”

Тибқи нақша – чорабиниҳои кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигорӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи вилоятӣ аз 11.09.2023 бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ”, санаи 22.09.2023 семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати профессорон, омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрон ва донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ ширкат намуданд.

Кори семинар бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик д.и.ф., профессор Саидҷаъфаров О.Ш. оғоз гардид, ки устод дар мавзуи “Хизматҳои устод Рӯдакӣ дар шеъру адаби порсӣ” баромад намуданд. Инчунин дар семинар мавзуъҳои “Рӯзгор ва муҳити эҷодии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” ва “Таснифоти лексикаи касбӣ дар ашъори Рӯдакӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар анҷом бо қироати шеъру рубоӣ ва ғазалу таронаҳо аз ашъори пурғановати устод Рӯдакӣ кори семинар ба итмом расид.