ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ЯГОНАИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ҶАҲОН

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ЯГОНАИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ҶАҲОН

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ЯГОНАИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ҶАҲОН

 

  • «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
  • Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Инсон дорои қобилияти огоҳӣ аз бисёр ҷанбаҳои ҳаёти моддӣ ва рӯҳии худ – таҷрибаҳо, эҳсосот, ҳукмҳо, хоҳишҳо ва қарорҳои худ буда, ин равандро дар доираи илм ба мафҳуми худшиносӣ таъриф намудааст. Ин мақола сарчашмаҳои таҳаввули шаклҳои худшиносӣ, махсусан худшиносии миллиро дар раванди тағйирпазирии ҷомеа баррасӣ менамояд. Ду гузинаи асосие, ки далелҳои мавҷударо муқоиса карда, худшиносиро аз худшиносии миллӣ фарқ мекунонад, худшиносии инфиродӣ ва худшиносие, ки ба тарафи сеюм, яъне ҷомеа рабт дорад, ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки худшиносӣ аз таҳаввулоти қаблии системаи дарки тафаккур вобаста аст, ки пас аз он метавонад ба худи инсон баргардад [10, с.13]. 

“Манфиатҳои миллӣ” бошад мафҳуми калидӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои миллӣ ҳамеша дар раванди иҷро ё таъмини ҳадафҳои манфиатҳои миллии худ машғуланд. Сиёсати хориҷии ҳар як миллат дар асоси манфиатҳои миллии он ташаккул ёфта, ҳамеша баҳри таъмини ҳадафҳои худ талош мекунад. Ин ҳуқуқи аз тарафи умум эътирофшудаи ҳар як давлат барои таъмини манфиатҳои миллии худ мебошад. Давлат ҳамеша кӯшиш мекунад, ки амалҳои худро дар асоси манфиатҳои миллии худ асоснок кунад. Аз ин рӯ, донистани маъно ва мазмуни “манфиатҳои миллӣ” барои мо зарур аст.

Ба қавли сиёсатшиноси маъруфи қарни XX, Ҳанс Моргентау: «Маънои манфиатҳои миллӣ зинда мондан – ҳифзи шахсияти ҷисмонӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз таҷовузи дигар давлатҳои миллӣ мебошад» [9]. Инчунин Моргентау ба маънои дигар мафҳуми “манфиатҳои миллӣ” – ро ба мафҳуми “манфиатҳои ҳаётӣ” яксон медонад [7, с.51].

Аз гуфтаҳои Маргентау маълум мегардад, ки манфиатҳои миллӣ то он дараҷае муҳиманд, ки онро бо мафҳуми “манфиатҳои ҳаётӣ” ё ҳаётан муҳим яксон донистааст ва дар ҷаҳони муосир ин раванд муҳимияти худро афзуда, ҷаҳонишавӣ бошад суръати онро рӯз аз рӯз меафзояд.

Аслан, ҷаҳонишавӣ маънои “табдилёбии таърих ба таърихи ҷаҳонӣ”-ро дорад, мисли оне, ки Карл Маркс иддао кардааст, ё ба ягонагии давлатҳои миллӣ пас аз кушода шудани онҳо ба ҷаҳони берунаро ифода менамояд. Ҳамзамон ҷаҳонишавӣ маънои онро дорад, ки пешравони “ҷомеаҳои мутамаддин» сармояи маънавӣ ва моддии худро дар саросари ҷаҳон васеъ мекунанд, то бо истифода аз арзиши муқоисавӣ манфиатҳои миллии худро амалӣ созанд. Аз нигоҳи муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳонишавӣ аслан рақобати қудратҳо, муборизаҳо байни системаҳо ва тағирёбии ҳувият аст [8, с.230].

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибхтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар раванди тағйирпазирии сохти ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан дар суръатёбии таъсироти ҷаҳонишавӣ тамоми кӯшиш ва ҳадафҳои худро дар амал татбиқ намуда истодааст, то дар арсаи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ манфиатҳои миллии худро бо беҳтарин шакл ҳимоя ва ҳифз намояд. Дар ин замина мафҳуми манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ифода карда мешавад, ки онҳо дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик аз инҳо иборатанд:

­ -ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷоди навори амният ва хусни ҳамҷаворӣ дар тўли марзҳои кишвар;

­ -инкишофи муносибатҳои боварӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;

­ -фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;

­ -таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар;

­ -таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар;

­ -тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;

­ -мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар [2].

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавони соҳибистиқлол, ки роҳи бунёди ҷомеаи иҷтимоиро дар доираи иқтисоди бозоргонӣ ва инчунин бунёд ва такмили иниститутҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи хеш қарор додааст, дар кадом ҳолате набошад зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор мегирад.   

Гуфтан мумкин аст, ки дар даҳсолаи аввали асри XXI дар Тоҷикистон ду равванд зиёд ба чашм мерасад. Яке эҳёи фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва дигаре зери равандҳои ҷаҳонишавӣ ворид шудани тамаддуни ғайр ва афзалият пайдо кардани онҳо дар Тоҷикистон мебошад. Аммо раванди зинда кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва тарғиб намудани худшиносии миллӣ бештар ба нафъи Тоҷикистон аст. Дар ин ҷода Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар мавриди рушду такомули маданият, анъанаҳои миллӣ, забон ва арзишҳои маънавӣ, дину мазҳаби кулли халқу миллатҳои маскуни Тоҷикистон ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг, меъморӣ, санъату адабиёт, пешрафти ҳаёти ҷомеа такони нав бахшид ва ин раванд то ба ҳол идома ёфта истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз асарҳои арзишманди худ “Фарҳанг ҳастии миллат аст” худшиносии миллиро ба таври зайл шарҳ додаанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад» [5, с.37].

Аз суханони Пешвои миллат хулоса баровардан мумкин аст, ки худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Худшиносии миллӣ вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ заъфу саҳлангориро дар ин ҷода  ба бор оварда, пояҳои ваҳдати миллиро ноустувор мегардонад.

Худшиносӣ василаи ваҳдати миллӣ ва ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани ин мактаб, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошанд, чораҳои зарурӣ андешид. Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид [4].

Барои рушди хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, ки омили ягонаи муттаҳидшавии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, Пешвои миллат чораҳои саривақтӣ андешида, дар рушди давлатдории навини тоҷик ва тақвият бахшидан ба ҳадафҳои давлатдории миллӣ стратегия ва ҳадафҳои мушаххасро таҳия ва роҳандозӣ намудаанд, ки бо чунин зайл раддабандӣ намудан мумкин аст:

­ -Ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ;

­ -Густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавоно;

­ -Муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар дар атрофи ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби мо”;

­ -Густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ;

­ -Ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ;

­ -Арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ [1, с.445-447].

Вобаста ба тақвият бахшидани худшиносии миллӣ Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қонунҳо ва стратегияҳои мушаххасро қабул намудаанд, ки дар ин самт бағоят муассиранд. Аз қабили “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (аз 24 декабри соли 2022, таҳти рақами №1920) ва ғайраҳо [3, с.8].

Қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Пешвои миллат Истиқлоли давлатиро волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик шуморида, худшиносии миллиро таҳкимбахши асоситарини он арзёбӣ намудаанд. Дар китоби пурарзиши “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат мефармоянд: “Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд" [6, с.3-4]. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат тавонист Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон мусбӣ муаррифӣ намояд ва ин ҳама аз ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ватанпарварии шахсияти Пешвои миллат сарчашма мегирад. Худшиносии миллӣ дар масири тағйирпазирии бо суръати ҷаҳон тавонист Тоҷикистонро аз паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ бидорад ва пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро боз ҳам қавитар намояд.

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки барои давлатҳои миллӣ дар замони муосир пеш аз ҳама муҳимтарин консепсия ин консепсияи манфиати миллӣ ба шумор меравад ва ҳатто олимону сиёсатшиносони маъруфи ҷаҳон онро бо “манфиати ҳаётӣ” яксон донистаанд. Худшиносии миллӣ бошад барои манфиатҳои миллӣ ҳамчун унсури асосӣ ва муттаҳидсоз баромад намуда, миллатро дар атрофи як ғояи миллӣ муттаҳид сохта метавонад. Ҳадафу стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар меҳвари давлатдории миллӣ ва ғояи “Тоҷикистони маҳбуд” бо арҷгузорӣ ба ниёгони хештаншиносаш қавӣ намудани решаҳои давлатдории миллист.

 

Адабиёт

  • 1. Аз паём то паём. Зери назари Шоҳиён Н.Н., Ғафурзода А.Д., Қурбонзода М.Р., Иброҳимов Г. Матбааи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2022. – 725с.
  • 2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, № 332. [Захираи электронӣ], URL: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (Санаи муроҷиат: 05.09.2023).
  • 3. Сайидзода Зафар Шералӣ. Густариши ахлоқи миллӣ – посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ. – Нашри дуюм. – Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2015. – 266 саҳ.
  • 4. Худшиносӣ ва миллӣ. [Захираи электронӣ], URL: https://www.tajmedun. tj/tj/nazare-ba/i-timoiyet/khudshinosii-mill/ (Санаи муроҷиат: 05.09.2023).
  • 5. Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат аст. – Душанбе: “Матбуот”, 2001. – 37с.
  • 6. Эмомалӣ Раҳмон. “Чеҳраҳои мондагор”. – Душанбе: “Эр-граф”, 2016. – 364с.
  • 7. Cornelia Navari. Hans Morgenthau and the National Interest. March, 2016. Ethics & International Affairs 30 (01), P. 47-54.
  • 8. Guo Shuyong. The Cultural Implications of Globalization on National Interests: Cultural Modernization and China’s National Interests. Chapter 11: 2012, P. 229-242. (P.230).
  • 9. National Interest: Meaning, Components and Methods. [Захираи электронӣ], URL: https://www.yourarticle librarycom/international-politics/national-interest -meaning-  (Санаи муроҷиат: 12.04.2022).
  • 10. Peter C., Logan F., J. Brendan R. The Evolution of Self-Knowledge. Philosophical Topics, Vol. 40, NO. 2, Fall - 2012. - P. 13-37.

 

Шодиев Комрон Олимҷонович – муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.