ЧАРО ТАФАККУРИ ИФРОТӢ БО СОХТИ ДУНЯВӢ СОЗГОР НЕСТ?

ЧАРО ТАФАККУРИ ИФРОТӢ БО СОХТИ ДУНЯВӢ СОЗГОР НЕСТ?

 

ЧАРО ТАФАККУРИ ИФРОТӢ БО СОХТИ ДУНЯВӢ СОЗГОР НЕСТ?

 

  • «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегўем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад».
  • Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон [10, с.49]

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон як кишвари миллӣ ва мутамаддини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ҳанӯз 6-уми ноябри соли 1994 дар Конститутсияи худ эълон дошта буд, ки Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад.

Тоҷикистон ин эъломияро бо моддаи 1-уми Конститутсия ба расмият дароварда, сохтори худро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намудааст. Яъне, Тоҷикистон сиёсати худро бо роҳи сохт ва низоми давлати “дунявӣ”, бо эътирофи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии инсонҳо дар назди қонун, бо арзишҳои суннатию миллии худ ба роҳ монданро пеш гирифт.

Давлати дунявӣ як роҳи ташкили ҳокимияти ҷамъиятӣ (сиёсӣ) мебошад, ки дар он давлат ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҳам ҷудо буда, дар айни замон бо ҳамдигар робита доранд, дини давлатӣ ё расмӣ вуҷуд надорад, баробарии иттиҳодияҳои динӣ, озодии виҷдон ва баробарии шаҳрвандон новобаста аз муносибат ба дин бо мақсади ноил шудан ба мувозинати манфиатҳои давлат, шахсият ва субъектҳои динӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.

Ин хусусиятро моддаи 8-уми Конститутсия тайид мекунад:

“Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст” [Моддаи 8-уми Конститутсия].

Дар ин ҷо хусусияти асосие, ки бояд дар мавридаш истодагарӣ кард, ин ибораи ҷудо будани дин аз давлат” ва “маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ва хусусияти динидошта аз хориҷи кишвар аст.

Ин мафкура агар дар амалия мавҷуд бошад хилофи унсурҳо ва асосҳои “давлати дунявӣ” хоҳад буд. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳамагуна ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои динӣ, ки аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд ва бар замми ин ба корҳои давлатӣ монеа эҷод менамоянд, маҳкум намуда, иҷозаи расмӣ намедиҳад.

Дар сарчашмаҳои ҳуқуқӣ таърифҳои гуногуни истилоҳи «давлати дунявӣ» пешниҳод шудаанд. Дар ин ҳолат, чун қоида, аломатҳои зерини давлати дунявиро фарқ мекунанд:

  1. Ҳеҷ гуна дин наметавонад ҳамчун дини давлатӣ ё ҳатмӣ муқаррар карда шавад;
  2. Ҳамаи динҳо баробар эътироф шудаанд;
  3. Ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, байни худ баробаранд, давлат ба корҳои иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекунад ва ба зиммаи онҳо вазифаҳои давлатиро вогузор наменамояд;
  4. Давлат фаъолияти озоди иттиҳодияҳои диниро кафолат медиҳад, ба шарте, ки онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо мутобиқ бошанд ва иттиҳодияҳои динӣ ба кори мақомоти давлатӣ дахолат накарда, ба фаъолияти сиёсӣ машғул нашаванд.

Қобил ба ёдоварист, ки 31 декабри соли 1992, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ба унвони Раиси Шурои Олии кишвар изҳор медоранд, ки «Мо ….тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад». Ин буд, ки 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он принсипҳои конститутсионии давлати дунявӣ бо тариқи зайл инъикос ёфтаанд:

  • аз ҷониби Тоҷикистон эълон шудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бо шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (моддаи 1);
  • эълон намудани муқаррарот дар бораи арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯ (моддаи 5);
  • ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амал мекунанд (моддаи 14);
  • эътирофи гуногунандешӣ, яъне ягон мафкура ҳамчун мафкураи давлатӣ ё ҳатмӣ муқаррар карда намешавад (моддаи 8);
  • манъи таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки мақсад ё амали онҳо ба зӯран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдор кардани амнияти давлат, барангехтани адовати нажодӣ, миллӣ ва динӣ (моддаи 8);
  • эътирофи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (қисми 1 моддаи 17);
  • ба ҳар кас озодии виҷдон, озодии эътиқод ба интихоби динро кафолат медиҳад (моддаи 26).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба сохти давлати дунёвӣ, ки ба ҳеҷ як дин бартарият дода намешавад, эҳтироми хоссае нисбат ба дини мубини Ислом қоиланд. Санаи 8-уми сентябри соли 1996 дар маҷлиси ботантана бахшида ба рӯзи истиқлолият Пешвои миллат чунин ибрози андеша намудаанд: «Мо ба дини мубини ислом, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем».

Фарқи асосии сиёсати дунявияти кишвари мо аз сохтори пешина (замони Шуравӣ) дар он аст, ки давлат ба чигунагии шуури динии шаҳрвандон бепарво нест. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 -уми марти соли 1997 дар мулоқот бо зиёиён чунин ибрози андеша намуданд: «…дин ва аҳкоми динӣ бояд барои амалӣ гаштани ормонҳои наҷиби миллӣ, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, инчунин донишу фазилати башардӯстонаи ҷавонон ба давлат мадад расонад. Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани рӯҳияи ҷаҳолат, ҳаромхӯрӣ, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳилаи ҳассос бояд мубориза баранд».

 

Яке аз унсурҳои бунёдии давлати дунявӣ гуногунандешӣ аст.

  • Гуногунандешӣ яке аз унсурҳои асосии давлати дунявӣ ба шумор меравад, чаро ки тибқи моддаи 8-уми Конститутсия ҳеҷ як мафкура ба ҳайси мафкураи давлатӣ дар Тоҷикистон эътироф намешавад ва гуногунандешии сиёсию динӣ пояи демократияро дар ҷомеа меафзояд.
  • Бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ ва кори хусусӣ будани таълимоту маорифи динӣ, аз хусусияти дунявияти давлати мо бармеояд, ки давлат нисбат ба шууру маорифи динии шаҳрвандони худ бетараф буда наметавонад. Ин аст ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро соли бузургдошти 1310 солагии Имоми Аъзам, Нуъмон ибни Собит – пешвои мазҳаби Ҳанафия эълон намуданд.
  • Акнун дар хусуси тафаккури ифротӣ ва мухолифатҳои он бо сохти давлатӣ дунявиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
  • Тафакури ифротӣ умуман бар хилофи унсурҳои давлати дунявӣ ва ҷомеаи демократист. Чӣ гуна бояд фаҳмид, ки мафкураи террористию ифротӣ хилофи арзишҳои давлати дунявӣ ва давлати миллист?
  • Мо мехоҳем дар инҷо якчанд унсур ва хусусияти мафкураи террористию ифротиро зикр намоем, ки онҳо хилофи унсурҳои давлати дунявиянд. Аз қабили:
  1. мавҷуд будани дини расмӣ ба ҳайси идеологияи асосии давлатӣ;
  2. ба инобат нагирифтани райъ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар раванди корҳои идорӣ;
  3. меъёрҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд на ин, ки бевосита, балки тавассути қишри ҷудогонаи ҷомеа амалӣ мегардад;
  4. эътироф нанамудани гуногунандешии сиёсию динӣ;
  5. вайрон намудани сохти конститутсионие, ки аз ҷониби халқ қабул ва эътироф шудааст;
  6. ба ҳайси инкишофдиҳандаи тафкураи террористию тафритӣ на мафкураи миллӣ ва сармоягузории миллӣ, балки мафкура ва сармоягузории хориҷӣ баромад менамояд;
  7. озодии эътиқоди динӣ умуман мавҷуд набуда, дин ва эътиқоди динӣ бо хусусияти маҷбурӣ ва бо роҳи зурӣ дар амал татбиқ карда мешавад;
  8. ҳамаи динҳо эътибори баробар надоранд;
  9. дин ҳамчун василаи татбиқи сиёсат истифода мегардад;
  10. ҳеҷ як мазҳаби диниро эътироф наменамояд;
  11. хусусияти миллӣ ва давлати миллӣ рад карда шуда, арабгароӣ (панарабизм) талқин карда мешавад;
  12. тафаккури ифротӣ фарҳанг, урфу одат, тамаддун ва осори миллиро эътироф наменамояд;
  13. ба забони арабӣ додани мақоми муқаддас ва ба назар нагирифтани забонҳои миллию давлатӣ;
  14. ба шахсияти зан ҳамчун “чиз” ё “ашё” муомила менамояд;
  15. таҳаммулпазириро намепазирад ва ғайра.

 

Ин ҳама омилҳо ва унсурҳое, ки дар тафаккури ифротӣ ҷойгиранд комилан бо унсурҳои давлати миллӣ, хусусан ба унсурҳои давлати дунявӣ мухолифанд. Аз ин лиҳоз, мо ин унсурҳоро дар муқоиса гузошта, иброз медорем, ки тафаккури ифротӣ бо сохти давлати дунявӣ созгор нест.

Мо муътақидем, ки террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Аз ин лиҳоз мо бояд муштаракан ниқоби ононро барафканем, аъмоли харобгаронаи онҳоро таҳти кадом шиор ва даъват набошад, маҳкум намоем, симои пок ва муқаддаси исломро ҳифз намоем ва садди роҳи амалишавии манфиатҳои геосиёсии гуруҳҳои террористию ифротиро дар ҳамбастагӣ ва ваҳдат бигирем. Пешвои миллат зикр намудаанд, ки: “Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ бо дини мубини Ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо баръакс мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва таҳаммулгарову инсондӯстонаи Ислом мебошанд”.

Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузорӣ бар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.

 

Адабиёт

  1. Давлати дунявӣ ва моҳияти бунёдии он. Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. URL: https://mts.tj/davlati-dunyav%D3%A3-va-mo%D2%B3iyati-bunyodii-on/ (санаи муроҷиат: 12.07.2023).
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».ш.Душанбе, 26 марти соли 2009, № 489.
  4. Маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. URL: https://mmk.tj/content/ (санаи муроҷиат: 10.09.23).
  5. Нақши Президенти Кишвар Эмомали Раҳмон дар барқарории модели нави миллии давлати дунявӣ. [Захираи электронӣ]. URL: https://allinweb.ru/dinshinosi/7777/  (санаи муроҷиат: 27.09.23).
  6. Нурулҳақов Қ. Салафияи ифротӣ: моҳият ва таҳдиду хатарҳои он. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2018. – 148с.
  7. Сайидзода Зафар Шералӣ. Густариши ахлоқи миллӣ – посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ. – Нашри дуюм. – Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2015. – 266 саҳ.
  8. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза алайҳи терроризм. [Захираи электронӣ]. URL: http://shuroiulamo.tj/tj/articles/ids/1302  (санаи муроҷиат: 28.09.2023)
  9. Холов М.А. Давлати дунявӣ ва аҳамияти он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ. [Захираи электронӣ]. URL: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/davlati-dunyav-va-a-amiyati-on-dar-ifzi-arzish-oi-mill.html  (санаи муроҷиат. 15.05.2023).
  10. Эмомалӣ Раҳмон. Дар бораи дин. – Душанбе: – 2006. – С. 49.
  11. Эмомалӣ Раҳмон тарроҳ ва меъмори модели нави давлати дунявӣ. [Захираи электронӣ]. URL: https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/1338-emomal-ra-mon-tarro-va-me-mori-modeli-navi-davlati-dunyav.html (санаи муроҷиат: 27.09.2023).

 

Шодиев Комрон Олимҷонович – муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.