БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ ОМӮЗГОР”
- Муаллим кист ? Меҳри осмон аст,
- Зи илму нури вай равшан ҷаҳон аст.
Воқеан ҳам муаллим шамъи роҳнамоест, ки месӯзаду бо нури хирад роҳи инсонҳоро равшан гардонида, саропо нигарониву заҳматҳо ва пайваста омӯхтану ранҷу талошҳоро дар осиёи умр мечархонад. Ва дар суфраи хештан нони ҳалоли меҳнатиро ба зиёфат муҳайё месозад. Мисли ҳамин нони ҳалоли суфрааш маърифати покизагиву саводу дониши самарборро софдилона ба ҳазорон пешкаш менамояд ва дар айни ҳол миннате бар кас намегузорад. Бале маърифату савод, фарҳанги қадиму бостонӣ ва пешрафти ҳар миллат аз хатту савод аст. Илм, саводи комил кӯҳи побарҷост, ки аз ҳеҷ боду бӯҳроне газанд намеёбад. Ва ҳар кӣ ба ин хазинаи дониш ҳиссае зам кард, ҳомии бузургтарест, ки одамиятро ба сӯйи маънавият раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, муаллимро аз маърифат пушту паноҳи тавонотаре нест. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба касби пуршарафи омӯзгорӣ қайд намудаанд: “Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд”.
Имрӯзҳо омӯзгоронро зарур аст, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи дӯстию рафоқат, ҳамрайъӣ ва бародарӣ, ваҳдати миллӣ ва гиромидошти анъана ва расму оинҳои миллӣ тарбия намоянд, ба онҳо барои дуруст истифода бурдани вақт, такмили дониш, беҳтар аз худ кардани асосҳои фан кӯмак расонанд. Дар баробари ин устодон донишҷӯёнро дар рӯҳи инсонпарварию ватандустӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтору кирдори нек, хоксориву некдилӣ, меҳру шавқат ба инсоният тарбия намоянд. Бахусус омӯзгорони ҷавон дар пешравии кори Донишгоҳ ва фаъолияти илмию эҷодии он бояд нақши муҳим дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки касби омӯзгорӣ хело муҳимму мубрам ба шумор рафта, таълиму тарбияи некӣ наслро бар уҳда дорад. Хело хуб аст, ки ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардаду баҳри пешрафти он ва фаъолияти назарраси омӯзгорон аз ҷониби давлату ҳукумат диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор дар баробари омӯзонидани илму дониш ва касбу ҳунар, инчунин тарғиби адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Зеро, ҳеҷ омӯзгоре набояд тарбияро аз таълим дур ва ҷудо шуморад. Дар асл таълим ва тарбия ду самти бо ҳам баробарест, ки бояд дар якҷоягӣ ҷараён дошта бошанд.
Шаробова Маҳбуба – омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик.