КАЛИДИ ГАНҶИ ИНСОН АСТ, МУАЛЛИМ

КАЛИДИ ГАНҶИ ИНСОН АСТ, МУАЛЛИМ

           КАЛИДИ ГАНҶИ ИНСОН АСТ, МУАЛЛИМ

 

  • Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
  • Тирагиро дур созад, нур бахшад омӯзгор.
  • Қадри ӯ хеле  баланд  гардид андар ин замон,
  • Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон

        

Оре, муаллим касест, роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯстӣ беғаразу ислоҳкори ҳама норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди нерӯи ақлонӣ номидаанд. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нӯре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзонад, ки чандон кори осон нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

                        

  •   Муаллим сарвару саркори инсон,
  •   Муаллим номбардори азизон.
  •   Ба даҳри беҳудуду олами даҳр,
  •   Муаллим ҷамъи ахбори парешон.

 

Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонад. Дар воқеъ омӯзгорон раҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯи дониш, илму маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростӣ аз ҳамагуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд. Ва онҳоянд, ки имрӯз мо якояк аз илму дониш бархурдорему ҳама баҳри ҳаёти маърифатнок доштан саъю талош менамоем.

Хулоса, ҳамаи омӯзгоронро барои дастовардҳову пешравии илму дониш баҳри пешравии Ватани азизамон таҳният гуфта, барояшон рӯзгори ободу умри дарози саъдиёна хоҳонем.

 

Донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик