ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ БЕЛАРУСУ ТОҶИКИСТОН

ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ БЕЛАРУСУ ТОҶИКИСТОН

ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ БЕЛАРУСУ ТОҶИКИСТОН.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбаладии сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко имрӯз саҳифаи нави ҳамкориҳо дар таърихи муносибатҳои дӯстона сабт мегардад. Тайи рӯзҳои 5-6 октябри соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар кори Форум ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, д.и.и., профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ иштирок намуда, созишномаҳои нави ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус ба имзо расонид, аз ҷумла бо донишгоҳҳои:

  • 🏛 Донишгоҳи давлатии Брест ба номи Пушкин А.С.;
  • 🏛 Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П.О. Сухо;
  • 🏛 Донишгоҳи информатика ва радиоэлектроникаи Белорус.

 

Созишномаҳои мазкур, ба тавсеаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ мусоидати фаъол хоҳад кард. Дастоварди мазкур, ба коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара муборак бошад!