“Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандустӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои ифротиву террористӣ, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд” [3].
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Падидаҳои навпайдои ҷаҳони муосир масъалаи меҳварии таҳқиқоти олимону пажӯҳишгарони замони муосир гардидааст ва он яке аз масъалаҳои актуалии илми муосир аст. Дар доираи илми феноменология (падидашиносӣ) имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма падидаи ифротгароиро «экстремизм», тундгароиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд. Аз як падида ба падидаи дигар дар амал танҳо як қадами беш нест. Масалан барои даҳшатафканӣ, яъне терроризм танҳо қадаме аз сӯйи таассуби тафритӣ лозим асту бас. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба руҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад. Ба ҳамин монанд тундгароӣ (радикализм) зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад. Бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рӯйи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чанд шакл мушоҳида мешавад:
- инфиҷор намудани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам;
- барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;
- ба роҳи зӯрӣ гаравгон гирифтани одамон;
- дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта.
Якчанд сабабҳо ва омилҳое мавҷуданд, ки ҷавононро ба сӯйи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб менамоянд:
- Яке аз омилҳои асосии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ паст будани донишҳои сиёсиву динӣ ба шумор меравад. Маҳз паст будани сатҳи дониши динӣ ва амалҳои ифротии бархе аз шаҳрвандон заминаи зиддияти диниву мазҳабӣ ва нооромӣ дар ҷомеа мегардад, дар ҳоле, ки ҳамаи динҳо одамонро аз зиёдаравӣ манъ намудааст. Худованд яҳудиён ва насрониёнро огоҳ намудааст, ки аз зиёдаравӣ дар дин бипарҳезанд: «Бигу: Эй аҳли Китоб, ба ноҳақ дар дини худ аз ҳад магузаред ва хоҳиши нафси қавмеро пайравӣ макунед, ки пеш аз ин гумроҳ шуданд ва (мардуми) бисёреро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост каҷравӣ шу¬данд!» (сураи «Моида», ояти 77). Паёмбари ислом низ дар ҳадисҳои худ ҳамин зиёдаравӣ ва ё ифротро дар дин манъ кардааст [8, с. 44];
- Таассуби динӣ ва зудбоварӣ омили дигари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад. Таассуб дар тафаккури ҷавонон чун догма нақш баста, тафаккури ифротиро ҳамчун ҳақиқати мутлақ муаррифӣ менамояд;
- Тақлид намудан ва зери суол набурдани ақоиди тафритӣ ба ҳайси омили муҳими гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баромад менамояд. Ин ба он маъност, ки ҷавонон ба амалу ҳаракатҳо ва симои зоҳирии аъзоёни гурӯҳҳои ифротӣ тақлид ва пайравӣ менамоянд, дар ибодат ва маросимҳои динӣ амалу ҳаракатҳои онҳоро тақлид менамоянд;
- Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳо ва омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Дар ин самт фаъолони гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод ва маълумотро интихобан нашр менамоянд, то ба ин васила мағзи ҷавононро шуста, фикри онҳоро нисбат ба волидайн, ҷомеа, давлат ва инсоният тағйир медиҳанд;
- Суистифода аз дин. Тафаккури ифротӣ тарзе худро муаррифӣ менамояд, ки гӯё асли дин аст. Вале дар асл онҳо динро ҳамчун василаи расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода менамоянд ва ба ин васила ҷавононро фидоӣ менамоянд.
- Вазъи иҷтимоии ҷомеа, махсусан вазъияти иҷтимоии ҷавонон яке аз омилҳои гаравиши ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои тафритӣ мегардад. Гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳу воситаҳои моддӣ ва ваъдаи ҳаёти беҳтар ҷавононро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Яъне ҷони ҷавононро, ки аз бузургтарин ҳуқуқҳои фитрии ӯ маҳсуб меёбад, тариқи пул бихаранд;
- Ваъдаи биҳишт ва ҳаёти ҷовидонӣ пас аз марг. Ифротиён тавре вонамуд месозанд, ки гӯё онҳо биҳиштро барои инсон фароҳам месозанд ва ҳаёти ҷовидонаро ба инсон мебахшанд, яъне кореро, ки тибқи ақоиди Ислом марбути Худост, ба дӯши худ гирифта, тафаккури ҷавононро мағзшуӣ менамоянд.
Омилҳо ва сабаҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ метавонад дар як вақт бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил баромад намоянд. Гурӯҳҳои ифротӣ ошкоро мақсад гузоштаанд, ки ҳамаи давлатҳои мусулмоннишинро бо зӯрӣ ишғол карда, ба тобеияти худашон дароранд [2, с.8]. Ин раванд мавҷудияти миллат, давлати миллӣ, забон, фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои миллиро зери хатар мегузорад ва ҳатто ба нобудии онҳо оварда мерасонад. Яъне гурӯҳҳои ифротӣ аланан даъвои онро доранд, ки тақдири миллат ё давлатеро ба дасти худ бигиранд. Аммо воқеияти таърихӣ нишон медиҳад, ки чунин сурат гирифтани раванди зикргардида ғайриинсонист ва ҳеҷ як дине онро машруъ намехонад.
Чунон, ки Аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармоянд:
- Худо он миллатеро сарварӣ дод,
- Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
- Ба он миллат сару коре надорад,
- Ки деҳқонаш барои дигарон кишт [4, с.155].
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси яке аз кишварҳои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳаргиз ба чунин равандҳои ғайриинсонӣ роҳ намедиҳад ва алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб муборизаи бе амон мебарад. Аммо бояд иброз дошт, ки бидуни ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо кишварҳои соҳибистиқлол барҳам додани ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд омилҳои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, терроризм ва амалҳои ифротиро пешниҳод намудаанд, ки асоси онро дар баланд бардоштани сатҳи илму маърифат ва вазъи иҷтимоӣ мебинанд. Ба андешаи Пешвои миллат: “Ин мубориза бояд бо андешидани тадбирҳои дастаҷамъона дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ тақвият дода шавад. Ин тадбирҳоро дар сатҳи байналмилалӣ аввалан таҳия ва ба нақша бояд гирифт. Агар кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф барномаи фароху созандаи муборизаро бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнин таҳия ва амалӣ сохта натавонанд, мо ҳамагон аз зуҳуроти зишти терроризму ифротгароӣ раҳоӣ ёфта наметавонем» [1, с.98]. Масъалаи асосӣ он аст, ки давлат дар танҳоӣ наметавонад дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб ғалаба намояд. Бо фаъолияти дастаҷамъона ва “сиёсати ягона” давлатҳо метавонанд роҳу воситаҳои пайдоиш ва фаъолияти созмонҳои ифротиву террористиро гирифта, хатари онҳоро аз миён бардоранд. Хатари ҷиддӣ ва таҳлукаовари равияҳои ифротӣ дар он аст, ки кайҳо онҳо марзҳои кишварҳоро паси cap карда, ба як зуҳуроти трансмиллӣ ва трассарҳадӣ табдил ёфтаанд [7, с.32].
Бо мақсади ҷоннок намудани мубориза бар муқобили ифротгароӣ ва терроризм дар кишвар стратегияи нав “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2021-2025” қабул карда шуд, ки амалӣ гардидани бандҳои он самараи нек ба бор хоҳад овард. Дар стратегияи мазкур самтҳои зерини муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм нишон дода шудаанд:
- баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм;
- баланд бардоштани нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ;
- баланд бардоштани нақши низоми маориф ва сиёсати ҷавонон дар пешгирии экстремизм;
- баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ;
- баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолӣ;
- таъсиррасонӣ ба омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ;
- амиқгардонӣ ва васеъ намудани чораҳои пешгирии экстремизм дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ;
- такмили қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ [6].
Таҳлилгарони сиёсӣ низ оид ба роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротгароиву тундгароӣ ақидаҳои гуногун баён намудаанд. Масалан, ба андешаи донишманди тоҷик Сайфулло Сафаров, яке аз роҳҳои мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ – ин Ватандўстии ҷавонон буда метавонад: «Ватандустӣ дар ҳама ҳолат монеаи вайронкорӣ ва худноогоҳии ватандорон аст, тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатдои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷои Ватан аст. Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва руҳияи бешикасти миллат табдил ёбад» [5, с.62].
Мутаассифона, афроди нохудогоҳ ба сулҳу осоиштагии кишвари азизамон бо чашми ҳасад менигаранд ва доимо барои халалдор сохтани ин оромӣ дар талошанд ва аз ҳеҷ гуна амали нораво худдорӣ наменамоян, ки ин боиси ба таҳлука гирифтор гардидани омма мегардад.
Мо, ҷавонон ва кулли шаҳрвандонро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намуда, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон ҳиссаи хешро гузорем.
АДАБИЁТ
1. Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо дар партави асарҳо, мақолаҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон. [Матн] //– Душанбе: Адиб, 2015. – 464 с.
2. Мавлонов А., Раҳнамо А., Наботов М. Ислом муқобили террор. [Матн] //– Душанбе: Паёми ошно, 2017. – 92 с.
3. Пaёми Пpeзидeни Љумњуpии Тoљикиcтoн Эмoмaлї Paњмoн бa Мaљлиcи Oлии Љумњуpии Тoљикиcтoн. 23 янвapи coли 2015. [Манбаъи электронӣ] URL: http://www.prezident.tj (санаи муроҷиат: 25.04.2022)
4. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Халилуллоҳ Х., Нодири Н. “Ахтарони адаб”. – Душанбе: “Адиб”, 2020. – 480 с.
5. Сафаров С. Ватандӯстӣ ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз терроризм / Терроризм – ифротгароӣ: роҳҳои пешгирии он. [Матн] //–Душанбе: Маориф, 2015. – С. 62-68.
6. Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021.
7. Хидирзода М. Роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба равияҳои ифротӣ / Терроризм – ифротгароӣ: роҳҳои пегирии он. [Матн] //– Душанбе: Маориф, 2015. – С. 31-40.
8. Ҳасанов Ш.Қ., Назарзода Т.К., Азизов К.Ҷ., Қодирзода С.М. Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии исломӣ. [Матн] //– Душанбе: Графика, 2019. – 320 с.
9. Ятимов С. Миллат, илм, амният. [Матн] // – Хуљанд: Ношир, 2019. – 384 с.
10. Ятимов С. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. [Матн] //– Хуҷанд: Ношир, 2020. – 168 с.
- ФАЙЗУЛЛОЕВ АБДУРОЗИҚ
- Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара.