ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮНИ КУРСИ ЯКУМ

ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮНИ КУРСИ ЯКУМ

Санаи 13-уми октябри соли 2023 тибқи нақшаи кории Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара дар толори фарҳангӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо донишҷӯёни курси якум баргузор шуд. Зикр гардид, ки маҳз дар заминаи иқдомоти шоиста, таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ва сиёсати маорифмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президении Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ба фазои байналмилали таҳсилот ворид гардида, имконияти гирифтани таҳсилоти олии рақобатпазир дар дохил ва хориҷи кишвар фароҳам омад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аз он бархурдор аст. Ҳамзамон оид ба шароитҳои муосири таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, табодули академии донишҷӯён дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, сифати таҳсилот, татбиқи технологияҳои инноватсионии педагогӣ зимни баргузории машғулиятҳои таълимӣ, мазмун ва моҳияти касбу ихтисосҳои амалкунанда ва рақобатпазирии онҳо дар бозори озоди меҳнат, истифодаи самаранок ва дурусти имконияти мавҷуда ба хотири омодасозии мутахассисони замони нав ба ҳозирин иттиллоъ дода шуд. Гуфта шуд, ки донишҷӯни Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат бо истифода аз шароит ва имконоти фароҳам гардида таҳсил намуда, чун мутахассисони замони нав ва рақобатпазир дар рушди босуботи Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди хешро хоҳанд гузошт.