ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲӢ ДАР ДАР МАВЗУИ “ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН"

Тибқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли 2023” рӯзи 20-уми октябри соли 2023 дар факултети педагогика ва психология, бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психология конференсияи умумидонишгоҳӣ дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи салоҳиятҳои касбии омӯзгорон баргузор гардид. Бояд иброз намуд, ки дар марҳилаи кунунии пешрафти фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмию фарҳангии донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ, алалхусус бо тавсияву дастурҳои ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Хайрзода Ш.Қ. таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар конференсия ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ширкат намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Б.Р. кушода, доир ба моҳияти таълиму тарбия дар шароити муосир, салоҳиятҳои касбии омӯзгор, баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ дар донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён ибрози андеша намуд.

            Барномаи конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:

  • – технологияҳои муосири таълим;
  • – ташаккули салоҳиятҳои касбии омӯзгор дар педагогикаи муосир;
  • – мушкилоти равонӣ-пелагогии тарбия дар раванди ташаккули шахс;
  • – салоҳиятҳои омӯзгор дар таълими тарбияи ҷисмонӣ;
  • – баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишазхудкунии хонандагон бо истифода усулҳои фаъоли таълим;
  • – тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва худшиносими миллӣ;
  • – малакаҳои шунидани мусиқӣ ва маърифати мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ ва ғайра.

 

Гуфта шуд, ки конференсияи мазкур дар ҳошияи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар назди омӯзгорон вазифаҳои мушаххасро дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вогузор намуд. Чуноне, ки Пешвои миллат мефармоянд: “Тарбияи ахлоқию маънавӣ ва рӯҳию равонии кӯдакон асосан ба оила, алалхусус ба волидайн сахт марбут аст. Кӯдакону наврасонро бояд аз сини хурдӣ дар рӯҳияи ахлоқу одоби писандида, муносибату муошират, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия намоем, то ин ки тавонем бунёди ахлоқияшонро тоҷикона ташаккул дода, онҳоро дар ҳифзу беолоиш нигоҳдории кохи бегазанди фарҳангию ахлоқии ниёгонамон ҳидоят намоем”.

Дар охир иброз гардид, ки ташкили чунин чорабиниҳои илмию амалӣ дар баланд бардоштани салоҳиятҳои касбии омӯзгорон таъсири ҳамаҷониба мерасонад ва барои омӯзгорони тамоми касбу ихтисосҳои донишгоҳ манфиатбахш мебошад. Тасмим гирифта шуд, ки дар ин самт семинарҳои илмии кафедраҳои факултети педагогика ва психология бо ҷалби омӯзгорони дигар факултетҳо тибқи нақшаҳои тасдиқгардида доир карда мешаванд.