РОҲҲОИ ТАКМИЛДИҲИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ТИҶОРАТӢ БО ИСТИФОДАИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ

Санаи 23.10.2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзуи «Роҳҳои такмилдиҳии баҳисобгирии муҳосибӣдар корхонаҳои тиҷоратӣ бо истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» бо иштироки н.и.и., дотсент Олимов Дилшод Абдулхайрович баргузор гардид. Семинари илмӣ- назариявӣ дар доираи васеи ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни равияҳои иқтисодӣ гузаронида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар семинари мазкур н.и.и., дотсент Олимов Дилшод Абдулхайрович ба яке аз масъалаҳои муҳими такмили баҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳои тиҷоратиро баррасӣ намуда, масоили асосии мавзуи мазкурро ба саҳми шунавандагон пешниҳод намуданд. Ғайр ан ин дар баёни масъала оид ба тадбиқи дурусти вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар корхонаҳои тиҷоратӣ ва як қатор масъалаҳои муҳими дигари марбут ба сиёсати ҳисобдориро баромад намуданд. Дар охири семинар вобаста ба мавзуи баррасишаванда саволу ҷавоб сурат гирифт, ки аз ин ҳайати иштирокдорон қаноатманд гардиданд.