Ҷомеаи муосир дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI бо мушкилотҳои зиёд, аз қабили буҳрони иқтисодӣ, низоъҳои минтақавӣ, низоъҳои динию мазҳабӣ, бархӯрди тамаддунҳо, хатарҳои терроризм ва ифротгароии сиёсию динӣ рӯ ба рӯ гардид, ки таъсири он то ба ҳол идома дорад. Масъалаи пайдоиш ва инкишофи гурӯҳҳои террористию ифротӣ ба мушкилоти рақами 1 – и ҷомеаи ҷаҳон табдил ёфтааст, ки садди роҳи рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли комили сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи сифатан нави давлатдорӣ ва арзишҳои демократию ҳуқуқӣ қадам ниҳода, роҳи худро ба сӯи бунёди ҷомеаи дунявию иҷтимоӣ муайян намуд. Ин сохти ҷомеаи демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ бо назардошти арзишҳои миллӣ ва суннатҳои миллии тоҷикона бунёд гардидааст, ки барои Тоҷикистон гузинаи аз ҳама беҳтарин ба шумор мерафт. Истиқлол Тоҷикистонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустаъқил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти миёни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-уми Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфтааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳоро барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналмилалӣ мебандад” [8, с.501]. Болотар аз ҳама Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конститутсия худ эълон доштааст, ки “...баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст...” [7]. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳама гуна шаклҳои зуроварӣ, даҳшатафканӣ, вайрон намудани сохти конститутсионии давлатҳои миллӣ, интиқоли ғайриқонунии маблағгузорӣ дар самти анҷом додани амалиётҳои ғайриинсонӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фуруши инсон, ҷиноятҳои муташаккил бар зидди арзишҳои инсонию миллӣ ва ғайраҳоро маҳкум намуда, омода аст, ки мустақилона ва дар муттаҳидӣ алайҳи ин зуҳуротҳо муборизаи бе амон бубарад.
Пайдоиш ва инкишофи зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ барои давлатҳои миллӣ чӣ гуна метавонад хатар эҷод намояд? Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки консепсия ва модули давлатдорӣ дар мафкураи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ин аз байн бурдани модули дунявии давлати миллист. Дар ин замина хатари аз байн бурдани унсурҳои миллӣ ба монанди забон, урфу олат, фарҳангу тамаддун ва суннатҳои мазҳабӣ ба миён меояд. Яъне консепсия ва низомномаҳои гурӯҳҳои террористию ифротӣ аланан хилофи мавҷудияти давлатҳои миллист. Аз ин рӯ давлатҳои миллӣ дидаю дониста қурбони ин гуна бозиҳои сиёсӣ шудан намехоҳанд ва алайҳи онҳо мустақилона ва ё дар муттаҳидӣ муборизаи бе амон мебаранд.
Аз ҷиҳати равишшиносӣ (методологӣ) пеш аз тафсир ва баррасии падидаҳои терроризм, ифротгароӣ ва хатару таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб ба ҷомеаи башарӣ зарур аст, ки маънои луғавии ин падидаҳо равшантар арзёбӣ гардад, то парда аз рӯи тафаккури ифротию даҳшатафканӣ, ки дар симои дину мазҳабҳои гуногун зоҳир мегарданд, бардошта шавад.
Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст [5, с.14]. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногун таҳрезӣ шуда равона гардидааст.
Ифротгароӣ, яъне экстремизм аз забони фаронсавӣ (extremism) ва аз лотинӣ (extremus) гирифта шуда, маънои канораро дорад [6, с.553]. Экстремизм дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе сар зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад.
Сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Абдуллои Раҳнамо падидаи ифротгароиро чунин шарҳ додааст: “Аз назари луғавӣ, калимаи «ифрот» аз забони арабӣ гирифта шуда, аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Дар истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ибораи «ифрот кардан» низ ба маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст ва шахси ифротӣ бошад дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад” [1, с.9].
Хатар ва оқибатҳои даҳшатовари амалиётҳои гурӯҳҳои террористию ифротгароиро мавриди назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намудаанд: “Терроризм ва ифротгарої бо њамлаи оќибатњои дањшатбору берањмонаи худ ба проблемаи љиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторњои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулњу суббот, њаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем” [4].
Аз ифодаҳои Пешвои миллат хулоса баровардан мумкин аст, ки терроризм ва ифротгарої як зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ба мисли, таҳдид ё истифодаи зўроварї, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад [2, с.126].
Ҳамин тариқ, аз чунин сурат гирифтани раванди болозикр метавон ба ақидае расид, ки терроризм ҳамчун як шакли фаъолияти даҳшатафканӣ, шакли пинҳонии хеле хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва ҷомеаҳои муҳофизакор, яъне динӣ мебошад. Он пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад [2, с.127].
Амалиётҳои террористӣ ва ифротӣ, ки то кунун ҷони садҳо ҳазор нафарри бе гуноҳро аз байн бурдааст, хилофи қонунҳои байналмилалию миллӣ, инчунин хилофи қонунҳои шаръию инсонист. Чаро ки принсипҳои дини Ислом гирифтани як ҷонро, ба монанди гирифтани тамоми ҷони инсоният мешуморад. Яъне инҷо аланан маълум аст, ки аъмоли террористию ифротӣ пеш аз ҳама хилофи худи дини Ислом аст.
Терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини ифротгароии сиёсист. Амалиёти ифротӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Фаъолияти ифротгароӣ аслан тавассути таблиѓоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад ва даҳшатафканӣ, яъне терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи ифротгароии динию сиёсист.
Ифротгароии динӣ ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат таҳдид намуда, бо истифода аз эҳсосоти динӣ, бидуни суолгузорӣ ба он, ки оё ғояи пайравӣ намудааш дуруст аст ё не, бо догмаи динӣ ҳеҷ як арзишеро эҳтиром қоил набуда, панарабизм (арабгароӣ) – ро таърифу тарғиб менамояд [9].
Амалиётҳои террористию ифротӣ сабаб мегардад, ки дар миёни қишрҳои ҷомеа тарсу ваҳм ба вуљуд ояд, шумораи гурезаҳо зиёд гардад, ҷинояткории муташаккил авҷ гирад, зарарҳои зиёди иқтисодӣ расонад, сатҳи некӯаҳволии мардум поён фарояд, ки дар натиҷа сафи бекорон афзуда, ҳам вазъияти рӯҳӣ ва ҳам вазъияти моддии қишрҳои гуногуни ҷомеа зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад [9].
Аз ин рӯ, ҷомеаи тоҷикистонӣ, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро мебояд ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расанд, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намоянд, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор диҳанд ва пос доштани арзишҳои миллиро ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш шуморанд. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарї ва носипосї нисбати мероси маънавї – фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлоли миллї оварда мерасонад [10, с.77].
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорї, худшиносии миллї, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирї аз низоъҳои иҷтимої ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷўй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангї – маънавї (ахлоқию динї) -ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобовариро нисбат ба давлату давлатдорӣ афзуда, таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд [10, с.78].
Сабаби пайдоиш ва паҳнгардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқию худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои террористию ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯй эмин нигоҳ доштан зарурист.
Ба ақидаи аксари мутафаккирон, муҳаққиқон ва сиёсатшиносон ифротгароӣ бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст. Пеш аз ҳама, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ аз омилҳои асосии пайдо гардидани тафакури ифротӣ мегардад [12, с.81].
Сониян мағзшӯии ҷавонону наврасон тариқи наворҳои ангезишӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки яке аз муассиртарин омилҳои ҷалби ҷавонону наврасон ба чунин гурӯҳҳои тафритӣ мегардад. Мутаассифона расонаҳои интернетӣ сарҳад надоранд ва онҳо дар ҳама нуқоти дунё дастрасанд ва аз он ҷой ки ҷавонону наврасон ба шабакаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд ва қишри зудбовари ҷомеа маҳз ҷавонон ба шумор мераванд, ба ҳамин хотир сайди асосии гурӯҳҳои террористию ифротӣ маҳз ҷавонону наврасони зудбовар, камдониш ва таассубгаро ба шумор мераванд.
Антони Гидденс мутафаккири англис чунин ибрози андеша намудааст: «Мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагї дорем». Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нуқтаи назари Антони Гидденсро амиқ эҳсос карда, барои рафъ намудани риск ва хатар, мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароиро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз 1 июни соли 2021, таҳти рақами №187 маҳз ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа дар ин самт мебошад. Стратегия мақсади аввалиндараҷаи давлатро барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ аз таҳдидҳои терроризм ва ифротгароиро муайян намуда, муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти ифротагроӣ ва терроризм чун мақсади муҳим шинохта шудааст [11].
Чуноне, ки дар боло зикр шуд, терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини ифротгароии динию сиёсист. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки шаклҳои терроризм мавриди баррасӣ қарор гирад. Терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, вайронсозии ғоя (идеология) – и давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва режими сиёсӣ, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ ва террор мебошад.
Сиёсатшиносон якчанд шаклҳои терроризмро баён намудаанд, ки асоситарини онҳо навъҳои зерин мебошанд:
- Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурўҳҳои алоҳидаи дохилӣ, ҳизб ё иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд;
- Терроризми миллатгароӣ – ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз террор асос ёфтааст. Терроризми миллатгароӣ бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин баҳри иҷрои амалҳои дигар, таѓйирот дар сохти давлати мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад. Ба мисоли чунин навъи терроризм Армияи Ҷумҳуриявии Ирландия (Ирландияи Шимолӣ), Ҳизби коргарии Курдистон (Туркия), Фронти озодихоҳи Квебака (Канада), Паланги озодихоҳи Тамил Илама (Шри-Ланка)-ро номбар намудан мумкин аст;
- Терроризми динӣ – он ба муқобили сиёсати глобалии давлатҳои абарқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан мехоҳанд, ки ин иқдом оқибат ба дини онҳо рахна ворид месозад, равона гардидааст. Баъзе аз ин навъи ташкилот бахусус Ҳизболлоҳ, Ал-қоида мақсади бунёди хилофати мусулмониро доранд;
- Терроризми ҷиноӣ - он бо куштор, низоъ андохтан миёни гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст;
- Терроризми технологӣ – ин шакли терроризм аз ҳама бештар таҳдид ба амнияти давлатҳо ва ҷомеаи инсонӣ дорад. Он бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад;
- Терроризми кибернетикӣ – он нисбати ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба васоити ахбордиҳӣ, аз ҷумла интернет ва пахш кардани маълумотҳои бардурўғ, инчунин тағйир додани далелҳо мебошад. Ба монанди ин навъи фаъолияти террористӣ, террористон боз як методи дигареро пайдо кардаанд, ки ин ба оби мавриди истифодабарии умум қарордошта ҳамроҳ сохтани моддаҳои заҳролуд ба шумор меравад [13, с.50].
Мақсадҳои терроризмро ба ду навъ ҷудо мекунанд:
- Дохилӣ – ба вуҷуд овардани бетартибиҳо дар минтақаҳои гуногуни як давлат, ҳизбҳоро ба ҳам ангехтан, паст намудани эътибори ҳокимият ва боварии мардум нисбат ба он;
- Берунӣ – суст намудани робитаҳои байналхалқӣ, байнидавлатӣ, ба вуҷуд овардани моҷароҳо миёни минтақаҳо, фишор ба шаҳрвандони давлатҳои дигар ва ғайра [3, с.76].
Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ хислати фаромарзию фаромиллӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дар бар мегирад, аз ин лиҳоз аст, ки зуҳуроти терроризм ва ифротгароиро мушкилоти рақами яки ҷомеаи ҷаҳонӣ шуморидаанд.
Ҳамин тариқ, ба хулосае расидан мумкин аст, ки дар шароити тағйирпазирии ҷомеаи муосири ҷаҳон ва бархӯрди тамаддунҳо хатарноктарин таҳдид ба амният ва рушди устувори ҷаҳон маҳз зуҳуротҳои номатлуби терроризм ва ифротагроӣ ба шумор меравад. Ба хотири он ки инсон, арзишҳои инсонӣ, миллат ва арзишҳои миллӣ, давлату давлатдорӣ дар назди тафаккури террористию ифротӣ арзише надоранд. Аз инҷост, ки давлатҳои ҷаҳон барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонию арзишҳои умумимиллии худ муборизаи мустақилонаю дастаҷамъиро бар муқобили зуҳуротҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ қувват бахшида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ дар саромади кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва бо як устувории қавӣ ин муборизаро давом дода истодааст.
Адабиёт
- 1. Абдуллоҳи Р. Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ чист? [Матн] // Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2015. – 128 с.
- 2. Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар муқовимат ба ифротгароӣ. [Матн] –Хуҷанд: Нури маърифат, 2021. – 232 саҳ.
- 3. Бернгард А.С. [Текст] // Стратегия терроризма. - Варшава, 1978. – С.76
- 4. Гулзор Р. [Матн] Бо ифродгароӣ муборизаи дастаҷамъона мебояд. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон // Ҷумҳурият. – 2015. – 28 май.
- 5. Жаринов К.В. Терроризм и террористы. [Текст] // – М., 1999. – С.14.
- 6. Зокиров Г Н. Донишномаи сиёсӣ. Қисми 3. [Матн] // Г.Н. Зокиров. – Душанбе, 2007. – С.553.
- 7. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Матн] // Душанбе. – 2016.
- 8. Назриев Д. [Текст] Республика Таджикистан: история независимости. Год 1992 - й (хроника событий). Т. II. – Душанбе: 2005. - С. 501
- 9. Нозим Нурзода. Ифротгароии динӣ ва наҳзатҳои исломӣ-омили нооромии ҷомеа // Минбари халқ. 24.02.2016.
- 10. Роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез [Текст] // Маводи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. – 320 с.
- 11. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз 1 июни соли 2021, №187 [Манбаъи электронӣ: www.mmk.tj]
- 12. Тоатов Ҳ. Терроризм ва экстремизм-падидаҳои номатлуб. [Матн] // Хуҷанд: Меъроҷ, 2017. – 97с.
- 13. Хоффман Б. Н. [Текст] // Терроризм. Взгляд изнутри. – М., 2003. - С.50
- САИДОВ АМИРҲАМЗА ИБРОҲИМОВИЧ
- Иҷрокунандаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара.