ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ МАЙЛИ ҶАВОНОН БА ИФРОТГАРОӢ

ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ МАЙЛИ ҶАВОНОН БА ИФРОТГАРОӢ

ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ МАЙЛИ ҶАВОНОН БА ИФРОТГАРОӢ
(дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон»)

“Мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромўш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Вусъат ёфтани таъсироти манфии ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси он гардид, ки фарҳангу тамаддун, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллӣ барои ҳар як давлати миллӣ зери хатар қарор гирад. Бинобар ин зарурати тавсеаи корҳои тарбиявӣ дар самти ватандўстии шаҳрвандон ва қабули як қатор стратегия ва қонуну қарорҳо дар ин самт ба миён омад. Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон» аз 16 декабри соли 2022, № 332 қабул гардид. Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандўстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Бояд иброз намуд, ки қонуни мазкур ҳамчун дастуру роҳнамо барои омўзгорон дар тарбияи ватандўстии ҷавонону наврасон мебошад. Дар он мафҳумҳои «Ватан», «ватандўстӣ», «тарбияи ватандўстӣ», «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандўстӣ», «ҳисси шаҳрвандӣ» ва ғайра бо тафсил ва оммафаҳм шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Пас омўзгоронро зарур аст, ки маҳз қонуни мазкурро барои фаҳмонидани ин мафҳумҳо ба донишҷўёну хонандагон самаранок истифода баранд. 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон» дар минтақа ва ҷаҳон камназир буда, барои ҷомеаи шаҳрвандии мо мояи ифтихор аст. Зеро дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни бойи ниёгон, сарватҳои маънавӣ, забони давлатӣ, зеҳнияти миллӣ (менталитет) аз ҳадафҳои асосии ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд.
Бо истинод ба қонуни мазкур ин ҷо зарур аст, ки мафҳумҳои калидии тарбияи ватандўстиро барои ҷавонон айнан ифода намоем:
- Ватан - Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд; 
- Ватандўстӣ - муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан;
- Тарбияи ватандўстӣ - фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандўстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст; 
- Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ - маҷмуи тадбирҳое, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор, ки ба хизмати сазовор ба Ватан равон карда шудааст; 
- Тарбияи шаҳрвандӣ-ватандўстӣ - маҷмуи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беҷаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равон карда шудааст;
- Ҳисси шаҳрвандӣ - ҷонибдории шахс аз манфиати давлат ва ҷомеа, низоми муносибат, рафтор ва фаъолияти ба он мувофиқ дар шароити давлат.

Ҳангоми шарҳу тавсифи мафҳумҳои мазкур дар машғулиятҳои тарбиявӣ омўзгорон бояд ба тафсил ибораҳои калидии дар боло зикршударо ба таври соддаю фаҳмо ба донишҷўён тавзеҳ диҳанд. Дар шарҳи мафҳуми «Ватан», «ватандорӣ», «ватандўстӣ» ва амсоли он метавон аз ашъори шоиру нависандагони классик ва муосири тоҷик васеъ истифода намуд. Масалан, Абулқосими Фирдавсӣ дар боби ватандорӣ ва қаноат бо баду неки он чунин гуфтааст: 

Ҳама ҷойи Эрон сарои ман аст,
Чу неку бадаш аз барои ман аст. 

Лоиқ Шералӣ дар таронаи Ватан оғози ҳаёти инсонро аз остоне номидааст, ки Ватан аз он сар мешавад ва имрўзу ояндаи вай бевосита бо Ватан пайваст аст:

Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрўзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Агар ҳисси ватандўстии Фирдавсию Лоиқ ва амсоли онҳо дар тафаккури ҷавонони мо таҷаллӣ ёбад, майли онҳо ба шомил гаштан ба гурўҳҳои ифротӣ аз байн меравад. Зеро зиндагии орому осоишта, дастархони пурфайз, хонадони обод, табассуми модарону кўдакони даврони истиқлол аз неъматҳои бебаҳоест, ки дар бисёре аз кишварҳои дунё орзуи ҳамешагист.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки агар бо таваҷҷуҳ ва ҳавсалаи том ба осори пурғановати ниёгон ва замони муосир нигарем, дар боби ватандорию ватандўстӣ, хештаншиносию худогоҳӣ хазинаи бой ва пурмазмунеро пайдо мекунем, ки истифодаи он дар раванди таълиму тарбияи ҷавонону наврасон муҳим аст.
Мутафаккири фаронсавӣ Жан-Жак Руссо, ки таҳиягари шакли бевоситаи идоракунии давлат аз тарафи халқ (демократияи мустақим) мебошад, дар боби ватандўстӣ чунин гуфтааст: «Инсон пеш аз ҳама фарзанди мамлакати худ аст, шаҳрвандест, ки манфиатҳои мамлакати худро дар дилаш ҷойгир кардааст», «Саховати беандоза аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад». Ё худ нависандаи машҳури рус А. Толстой чунин меорад: «Ватанпарварӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он як ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ, дар рўзҳои неку бадаш бо он бошӣ».
Мақсад ва ҳадафҳои гурўҳҳои ифротӣ ин пеш аз ҳама аз байн бурдани миллат, фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва оину суннатҳои ниёгон аст, ки дар маҷмуъ боиси саргардонӣ ва нооромии кишвар мегардад. Дар ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки «Оё гурўҳе, ки оинномааш бар хилофи бунёди давлатҳои миллӣ аст, чӣ гуна метавонад арзи ҳастӣ намояд?». Дар ин ҳолат хатари ҷиддӣ барои аз миён рафтани давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ба миён омада, манфиатҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун, забони давлатӣ ва дар маҷмуъ худи миллат ба нестӣ меравад. 
Пас вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, забон ва расму ойинҳо, содиқ будан ба давлату миллат, роҳ надодан ба пайравӣ ва гаравиш ба афкори носолим мебошад. Зеро Тоҷикистон Ватани зебои мост ва мо аз ин ифтихор дорем. 

  • Расулзода Б.Р.
  • н.и.к., дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.