ТЕРРОРИЗМИ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕРРОРИСТОНИ ИНТЕРНЕТӢ

ТЕРРОРИЗМИ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕРРОРИСТОНИ ИНТЕРНЕТӢ

Ҷаҳони муосир вобаста ба давраҳои ташаккулу инкишоф ва рушди инсонӣ мушкилоти гуногунеро паси сар намуда истодааст. Имрӯзҳо тибқи фарзияҳо ва назарсанҷиҳои оморӣ дар саросари сайёра зиёда аз 300 низоъҳои гуногуни байни давлатҳо мавҷуд аст, новобаста ба он ки аксари ин низоъҳо характерӣ оромӣ ва ё хомӯширо доро мебошанд. Аммо нигоҳ накарда ба ҳамаи ин, ҷомеаи инсонӣ барои фароҳам сохтани шароити беҳтари зисту зиндагӣ ва таъмини амнияти ҳарбиву сиёсӣ ва иҷтимоии худ ба таври ҳамешагӣ талош менамояд, то меъёрҳо ва услубҳои нави зиндагиро дар рӯйи Замин бунёд созад. 
Мутассифона асри нав ба таъбири сиёсатшиноси амрикоӣ Самуэл Хантингтон “асри бархӯрди манфиатҳост” ва давлатҳои қудратманд дар роҳи расидан ба ҳадафу мақсадҳои ниҳонии худ омодаанд, ҳама гуна нооромӣ ва тахрибкориро дар саросари марзҳои минтақа роҳандозӣ намуда бошанд. Терроризму ифротгароӣ низ аз ҷумлаи “кашфиётҳо”-и маҳз як гурӯҳ давлатҳои ғарбӣ буда, мақсади ниҳоӣ аз таъсиси ин гуна ҳаракатҳо фароҳам овардани заминаи мусоид барои пиёда намудани ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегӣ мебошад.
Дар асри XXI пас аз ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ, ки аксаран онро низоми “биполярӣ” меноманд, дар ҷаҳон инкишофи истеҳсол ва коркарди технологияҳои инноватсионӣ ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар баробари ташаккули техникаву технология инчунин моделҳои муосири муборизаҳои сиёсиву амниятӣ рӯйи кор омодаанд. Ба таъбири умумироиҷбуда ин гуна ҳаракатҳоро метавон “ҷанги иттилоотӣ” ва ба таъбири шахсӣ “терроризми иттилоотӣ” номид. Аслан ҷанги иттилоотӣ аз терроризми иттилоотӣ фарсахҳо дурӣ дорад. Вале новобаста ба ҳамаи ин тазодҳои асри нав монандӣ ва ҳатто баъзан зодаи якдигар будани онҳоро ошкор месозад.
Терроризми иттилоотӣ – ин ҳаракатҳои мағзшӯӣ, фиребгарӣ ва ҳатто баъзан шуришгаронаи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва баъзе шабакаҳои дигар паҳн карда шуда, мақсади асосии он даъвати аҳолӣ ба тахрибкорӣ ва анҷом додани амалҳои террористӣ мебошад. Ин гуна ҳолатҳо дар таҷриба ва ҳатто дар амалия бисёр мушоҳида гашта, маҳз фазои иттилоотӣ воситаи асосии ҷалбсозии пайравони нав аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
Солҳои охир ҳаракатҳои як гурӯҳ хоинон ва иғвоангезони сиёсӣ, ки мехоҳанд, тавассути ҳаракатҳои худ фазои Тоҷикистони азизро ноором созанд, ба терроризми иттилоотии болозикр монанд мебошад. Ҳаракатҳои террористие, ки аслан бозмондагони ҳаракати терористию экстремистии ҲНИ мебошанд, як гурӯҳи тахрибкор ва низоъангези дигарро ба унвони “Паймони миллӣ” таъсис додаву ҳаракат доранд бо тарғиби ҳаракатҳои худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ, мағзи ҷавонони тоҷикро моили худ созанд. 
Ин гурӯҳҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо номи “Isloh.net”, “Isloh.tv”, “Минбари муҳоҷир” ва даҳҳо номи дигар саҳифаҳои худро боз намуда, ба таври ҳамешагӣ бо маблағгузории хоҷагони ғарбии худ барномаҳои гуногуне, ки характери ҷиноӣ доранд, таҳия ва пахш месозанд. Дар ин мавқеи таҳлили худ ҳаминро қайд намуданиам, ки ягон нафари ин иғвогарон на маълумоти хуби рӯзноманигорӣ доранду на наттоқи хуб ҳастанд. Ин зочагон на маданияту фарҳанг ва на тарзи дурусти гуфтору рафторро соҳибанд, вале новобаста ба ҳамаи ин дар студияҳои барҳаво, ки бо пули аврупоӣ бунёд шудааст, нишаста ба фикри худ “дод аз ватандорӣ” мезананд. Муҳимтарин нуқтаи таҳлил дар он аст, ки ҳангоми барномаҳояшон на дар студия ва на дар гирду атрофи ин хоинон ягон ҷиҳоз ва ё ашёе, ки бозгӯи фарҳанги тоҷикӣ бошад, вонамехӯрад. Ана аҳволи “ватандорон” ва “соҳибфарҳангон”.
Дар баробари надоштани дониши қазоӣ аксари онҳо худро таҳлилгари масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мегиранду ягона роҳи рушду инкишофи минтақа ва ҷаҳонро дар “расиданашон ба сари қудрат” медонанд. Ба таъбири худашон онҳо формулаи инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву иқтисодиро медонанд. Ин ҳама сухану туҳматҳо ва ин ҳама дасисабозиҳояшон на асос дораду на мантиқ ва аз бементиқӣ корашон ба “ғайбат” гузаштааст, ки аксаран се-чорашон ҷамъ мешаванду “масоили ҳавлии ҳамсоя”-ро баррасӣ мекунанд.
Бо ҳамаи ин гуфтаҳо ҳаминро қайд доштаниям, ки гурӯҳҳои мухолифини террористие, ки заррае озодиву сулҳ ва Ваҳдати тоҷиконро дарк наменамоянд ва ё барои дарк кардан талош ҳам намеварзанд ва имрӯзҳо тавассути терроризми иттилоотӣ барои ноором сохтани фазои амниятии Тоҷикистони азиз истифода менамоянд. Дар баробари ҳамаи ин ҳаракатҳояшон хурсандиовар он аст, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бахусус ҷавонони кишвар ҷавобҳои дандоншикан мегиранд. Тоҷикон баъд аз ҳамаи мушкиливу душвориҳое, ки дар солҳои 90 аз дасти ин шайтонсифатон ба сарашон омад, дигар ҳеҷ гоҳ хоҳиши дастбакор шудан бо онҳоро надоранд ва тайёранд бо чи роҳе набошад, пеши роҳи нақшаҳои нопоки онҳоро бигиранд ва кишварамонро боз ҳам ободу шукуфотар созанд.
Дар роҳи расидан ба ин мақсад ба фикри мо муҳимтарин роҳ ин дастгирии сиёсати давлатӣ ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро ин фарзонафарзанди тоҷик Тоҷикистонро аз нобудӣ раҳонид ва осмони сулҳу пешрафти онро софу мусаффо гардонидааст. 

 

  • ФИРӮЗИ СУЛАЙМОНӢ ДАВЛАТЗОДА
  • н.и.т., декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир.