НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара санаи 3-юми ноябри соли 2023, бахшида ба рӯзи қабул ва 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид. 

Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм н.и.и., дотсент Қодирзода Х.Қ., котиби Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ф., профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, декани факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ Исмоилзода М.И., сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Б.Р., ҳайати васеи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд.

Нахуст муовини ректор оид ба илм н.и.и., дотсент Қодирзода Х.Қ. дар хусуси аҳамияти назариявию амалии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз доштанд, ки “Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ-сиёсии тақдирсоз дар бунёди давлати миллии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи бо эътимод гузоштааст”. 

Сипас Маҳмадизода Н.Д. дар мавзуи “Конститутсия ва рушди иҷтимоии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон ворид шуда, эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон маҳз ба воситаи Конститутсия ба амал бароварда мешавад.

Дар семинар мавзуи “Моҳияти инсонпарваронаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия Азизов К.Ҷ. мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он хусусиятҳои инсонпарваронаи конститутсия ироа гардид. Гуфта шуд, ки яке аз хусусиятҳои хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро ҳамчун санади ҳуқуқии инсонпарварона ва беназир муаррифӣ менамояд, дар он ифода мегардад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, беш аз 34 моддаи он ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Кори семинар бо мулоҳизаҳо ва саволу ҷавоб ба анҷом расид.