ТАЪРИХ ВА ТАШАКУЛИ КОНИСТИТУТСИЯИ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Пеш аз оне, ки дар таҳлили ин ё он мавзуи рӯз баҳс менамоем бояд ба мафҳум, таърихи ташаккул ва инкишофи он каме шарҳ додан лозим меояд ин ба он хотир аст, ки хонандаи гиромӣи мо бояд ба мавзуъ сарфаҳм равад ва дарки масъала ба он душворие дар фаҳмиши мавзуъ наорад.
Кониститутсия аз калимаи лотини «constitutio»- сохт ва  муқарар кардан мебошад. Аз нигоҳӣ таърих ва ақли гирем дар таърих бисёре аз императорон, шоҳон ва роҳбарони давлатҳо ба худ қароре ё ин, ки фармонҳое мебароварданд, ки метавон гуфт, ки қисме аз конститутсия ё ба монанди баъзе аз боб ва ё модаҳои кониститутсияҳои имрузаҳои ҷаҳони муосир буданд. Масалан фармони шоҳи Ҳахоманишҳо Куруши Кабир ба тамоми мардуми мамлакаташ ин буд, ки “касе ғуломи касе нест, ҳар кас, ки аз кадом дин пайравӣ мекунад озод аст дар интихоби дин, касе ба нафари дигар зарари моддӣ ё молӣ мерасонад тибқи зарари расондааш ба нафари ҷабрдида бояд ҷубронро пардохт намояд”, ё ин ки қонунҳои шоҳи Бобулистон Хамурапӣ дар бахши ҷазо ва ҷиноят. ин ҳамаро метавон гуфт, ки дар саҳм гузоштан дар каниститутсияҳо ва қонунҳои муосири ҷаҳони имрӯза як саҳми беандоза дар таҳкими пояҳои қонунэҷодкунӣ ва решаи кониститутсияҳо нақш ва мақоми махсусро ҷо гузоштааст.
Дар аксари адабиётҳои ҳуқуқи мо шоҳиди он мешавем, ки аввалин бор кониститусияро ба давлати абарқудрати ҷаҳони имрӯза Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар соли 1787 ҳисоб мекунанд ва дуюм давлате, ки кониститусияро қабул кардааст ин дар соли 1791 аз ҷониби Фаронса мебошад. Дар замонҳое, ки ин кониститусияҳо аз ҷониби ин давлатҳо қабул шудаанд яке аз масъалаҳои ру овардан ба демократияи ва давлати адолатпеша будани онҳоро нишон медод. То ҷое, ин ки кониститусияҳо масъалаҳои давлату ҷомеаи ҳамонрӯзаро ҳалу бараси менамуд. Ба хотири демократия ва адолатро дар ҷомеа хуб ҷой кардан дар конститусияи соли 1787 қабулкардаи мардуми Амрико дар ҳамин сол 20 маротиба тағиру иловаҳо ворид намудаанд ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд конститутсия бо ҷамъият ошно ва писанди мардум бошад.
Дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик баъди инқилоби окябри соли 1917 ва аз соли 1929 сар карда давлатдорони мардуми тоҷик 5-маротиба конститутсия қабул кардаанд. 28 – апрели соли 1929,  20-декабри соли 1931, 01- марти соли 1937, 14- апрели соли 1978, 6-ноябри соли 1994,  (се маротиба ба конститутсияи соли 1994 тағиру иловаҳо дароварда шуд: 26 сентиябри соли 1999 ба 24 модди он, 22 июни 2003 сол ба 54 моддаи он ва 22 май 2016 ба 39 моддаи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон тағиру иловаҳо ворид шудааст.
Тағиру иловаҳо ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир гузаронида шуда буд, ки дар баъзе бобҳои киниститутсияи кишвар ба хотири демократия ва адолати аслӣ дар Ҷумҳуриамон пойдор будан ва ба ҳамаи табақаҳои қишри ҷомеа баробариро ҷори намудан тағиру иловаҳо ворид карда шуда буд. Яке аз сабабҳои тағйиру иловаҳо ба конститутсияҳо дар давлатҳо ба он хотир гузаронида мешавад, ки баъзе моддаҳо ва бобҳои конститутсияҳо функсияҳои худро дар ҷомеа гум карда ва талаботи ҷомеа ба қонуни дигар равона карда мешавад аз ҳамин хотир ба конститутсияҳо тағиру иловаҳо ворид карда мешаванд, ки моддаҳои кониститутсия ба замони ва талаботи муосир ҷавобгу башанд, то ки ҳуқуҳову озодиҳои инсон ва шаҳрвандон риоя ва ҳифз шаванд.
Аз нигоҳи таърихӣ гирем конститутсияи қабулкардаи мардуми тоҷик дар соли 1929 он хусусиятҳоеро дар худ ҷой дода буд, ки аз мухториати Тоҷикистон ҳарф мезад. Лоиҳаи каниститутсияи Ҷумҳури Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷкистон дар солҳои мухториат дар ҳайатӣ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбекистон будани Тоҷикистон лоиҳакаши ва барномарези шуда буд ба ҳамин хотир конститутсияи ҶШСТ дар соли 1931 аз нав қабул шуд. Дар кониститусияи қабул кардаи мардуми тоҷик дар соли 1929 аз он дарак медод, ки конститусияи ҳамон вақта дар баъзе бобҳо ва модаҳои он демократия ва адолатхоҳӣ вуҷуд надошт. Махсусан нобаробарии марду зан, нобаробарии миллатҳо ва халқиятҳо, ба инобат нагирифтани расму оини фарҳанги мардумони онвақта, ба инобат нагирифтани дину оини мардуми Осиёи Миёна ва ғайра.
Аксар вақт ҳукматдорони онвақта талош бар он буданд, ки конститутсияҳои ҶШСТ дар худ демократияи адолатхоҳиро таҷасум намояд, аммо хато мекарданд. То соли 1994 дар худи конститутсияҳои пештара ва қонунуҳои амалкнандаи онвақта демократияи аслӣ на онқадар  вуҷуд дошт ва арзишҳои милливу этникии мардумони Осиёи Миёна ба хусус мардуми тоҷикро аз мади назарҳо дур монда муд.
Баъди пошхурии ИҶШС дар таърихи 9- сенябр1991  баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд қонун аз тарафи вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар ҳамон замон на ҳамаи қонунҳо вазифаҳои худро иҷро мекарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 6 ноябри соли 1994 боз як саҳифаи таърихии нав барои мардуми тоҷик боз шуд, инҳам бошад қабули конститусияи навини тоҷик ва ҳам интихоботи президентӣ аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври райъпурсии умумихалқи буд. Ин аз он шаҳодат медод, ки мардуми тоҷик дар лаҳзаҳои ҳасоси давлатдории навин аз зиндагии худ дар ҷангӣ шаҳрвандӣ аз демократия ва адолат пуштибонӣ мекарданд ва роҳи неки худро ба ояндаи давлатдории миллии хеш интихоб кардаанд.
Баъди қабули Конститутсияи нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам парлумон ва ҳам ҳукмат роҳи қонунэҷодкуниро дар самти демократия ва адолатхоҳӣ пеш гирифтанд. Ин аз он дарак медод, ки Каниститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи худи миллат ва шаҳрвандонаш бо таври демократи ва озодбайёни овоз дода шуда ва бояд ба худи миллати тоҷик хизмат намояд.
Дар яке аз пайёмҳои худ ба Маҷлиси олии кишвар Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Оллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда гузаштанд, ки «Имрӯз ман дар парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон тағиротҳои ҷиддиеро мебинам, ки дар таърихи давлатдории мардуми тоҷик бори аввал мебошад. Ман дар ин толор дар даврони истиқлолият бисёре аз аъзоҳои парлумон, ки инҷо нишастаанд академикҳо, прафессорон, номзадҳои илм ва ходимони барҷастаи илму фарҳанг дар инҷо ҳузур доранд». Гуфтаҳои боло аз он дарак медиҳад, ки худи аъзои парлумон дар гузашта на ҳамаашон шахсони сиёсатмадор, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва монанди инҳо буданд. Аз сарчашмаҳо бар меояд, ки аксар вақт аъзои парлумон дар аксар давлатҳои собиқ ИҶШС колхозчиён, совхозчиён ё нафароне, ки дар саҳроҳо кору фаъолият мекарданд аъзо буданду на ҳамаи аъзоёни парлумон нафарони олим ба монанди ҳуқуқшинос, сиёсатмадор, иқтисодчӣ, сотсиолог буданд .
Ҳуқуқэҷодкунӣ дар лоиҳаи ва тағиру иловаҳо ба Кониститутсияи адолатхоҳи на ба ҳамаи шахсоне, ки дар парлумон роҳ ёфтаанд роҳи осон мебошад ба ҳамин хотир дар оянда мебояд, ки  аъзои парлумон шудан бояд нафарне бошанд, ки барои таҳкими давлатдори, ё ин ки устувории ҷомеа аз ин афроди пуртаҷриба вобастагии зиёд дорад.
Ҳар шахс ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд пуштибони аз Кониститутсия ва дигар арзишҳои миллии милатамон пуштибони ва ҳифз намояд, ки дар тули таърих бисёр аз халқияту миллатҳо ба он даст наёфтаанд ва мардуми тоҷикро мебояд шабу рӯз шукронаи тинҷиву оромӣ, истиқлолияти комили кишвар, ваҳдати ягона ҳифзи арзишҳои миллли, ҳифзи дину оинҳои гузаштагон кунанд, ки ба чунин неъматҳои беназир насиб гаштаанд.

  • Қодирзода С.М.
  • н.и.ҳ., дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Данғара.

           

Счетчик посешаемости и статистика сайта