СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 33 – ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

      «Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст».                                                                                     

                                                                                                                                                                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон.

     Санаи 07.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба бузургдошт ва таҷлили бузургтарин ҷашни тоҷикон Истиқлоли давлатӣ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ” баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро баромад намуда, вобаста ба аҳамияти таърихии Истиқлол ва дарки амалии он маълумоти муфидро ба самъи ҳозирин расониданд.

    Ҳамзамон, дар семинар аз ҷониби олимону муҳаққиқони донишгоҳ мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

1.Истиқлол ва таҳаввули фарҳангу тамаддуни миллӣ – д.и.ф., мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич;

2.Хусусиятҳои асосии мафҳум ва моҳияти Истиқлоли давлатӣ – н.и.ф., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мубориза бо коррупсия Азизов Комил;

3.Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – н.и.ф., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатӣ Арбобзода Баҳодур;

4.Заминаҳои таърихии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – н.и.т., мудири кафедраи таърихи умумӣ Алишери Амирхон;

5.Истиқлолият омили рушди давлати ҳуқуқбунёд – магистри курси 2-юми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ Неъматова Фирӯза.

    Қобили қайд аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон василаи асосии расидан ба ҳуввияти миллӣ ва татбиқи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар ҳамаи самтҳо маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз 9-сентябри соли 1991 таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст.