Санаи 4 – уми ноябри соли 2024, бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиши тантанавии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ қайд намуд, ки яке аз махсусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он нуҳуфта аст, ки масъулияти давлатро дар самти эътирофнамоӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муқаррар менамояд. Инчунин, дар он пешбинӣ мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Дар кори ҳамоиш Ҳакимзода Зуҳро - муовини раиси ноҳияи Данғара дар мавзуи "Таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон" ва Исмоилов Шавкат Маҳмудович Узви Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), доктори илмҳои ҳуқуқшиноси, профессор дар мавзуи "Заминаҳои ҳуқуқии таҳия, қабул ва такмили Конститутсия" маърӯзаҳо намуданд.
Дар фарҷом, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён аз тарафи шуъбаи фарҳанг барномаи омоданамудаи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда шуд.