15-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Президенти мо – Ифтихори мо” бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ибтидо ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳамаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Ӯ зимни табрикоти худ, доир ба хизматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи худшиносии миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои андешидашуда дар самти истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Гуфта шуд, ки даъвати Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар шароити онвақтаи ҷумҳурӣ, ҳоло бо гузашти се даҳсола маълум шуд, ки роҳи ҳалли ягона ва дуруст буд ва кишварро ниҳоятан аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшида, пеши роҳи порашавии сарзамин, парешонии мардум ва нобудии давлати навини тоҷиконро гирифт.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур интихоби дуруст ва муносиби роҳбари нави ҷумҳурӣ буд. Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вилоятии вакилони вилояти Кӯлоб, вакили мардумии даъвати XII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович бо 186 раъй аз 197 вакил Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Он вақт роҳбари ҷавони Тоҷикистон ҳамагӣ 40-сола буд ва дар кори роҳбарии сатҳи олӣ таҷрибаи кофӣ надошт. Аммо ӯ чанд сифати олии фарқкунандае дошт, ки онҳоро шахсони дар кори роҳбарӣ таҷрибаи зиёддошта ва дар вазифаҳои роҳбарии сатҳи ҷумҳурӣ фаъолияткарда надоштанд. Сифатҳои ба худ хоси роҳбари аввали Тоҷикистон, ба назари мо ҷасорату мардонагии фавқулода ва барои халқи тоҷик азхудгузаштанҳо дар вазъияти мураккаби ҷангӣ буд. Дар идомаи ҳамоиш, бо фармоиши ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” як қатор кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ, барои фаъолияти босамари меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ободонӣ, бо Ифтихорнома, мукофотпулӣ ва дастаҳои ғолиби мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол дар байни кормандон ва донишҷӯён бо Диплом ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар фарҷом, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги Донишгоҳ бо барономаи рангини консертӣ хотири иштироккунандагони ҳамоишро болида гардониданд.