Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли баромаду Паёмҳои худ дар хусуси ривоҷ додани соҳаи геологияи мамлакат диққати махсус махсус дода бо фармони Президенти кишвар рӯзи 9-уми декабрро ҳамчун рӯзи касбии геологон эълон доштанд, инчунин аз соли 2014 инҷониб ҳамасола ин рӯз чун Рӯзи геологияи тоҷик дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Аз ин лиҳоз, санаи 7-уми декабри соли 2024, бахшида ба рӯзи «Геологияи тоҷик» дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили геологӣ: дурнамо ва рушди он» баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқон ширкат намуданд аз ҷумла:
Ятимзода С.Б. - н.и.г-м., Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъи “Рӯзи касбии геологияи тоҷик”; Оспанова Н.К.- д.и.г.м., мудири лабораторияи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, дар мавзӯи “Катастрофические глобальные события как основа градации геологического времени”, Азизов А. - муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзуи “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои глобалии обу пиряхҳо”, Ҷобиров А.А. - ходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар мавзъуи “Геологическая позиция пегматитов Южно-Варзобского гранитоидного массива”, Раҳимов Ф. - ходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, дар мавзуи “Нафт ва газ: асрори пайдоиш”, Тураев С.С. - дотсенти кафедраи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара, дар мавзуи “Тадқиқи физико-химиявии навъҳои маъданҳои кони Пусхури ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли портландсемент”, д.и.г-м. Ғафуров Ф.Г. – сарходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, дар мавзуи “Сатҳи радиатсионӣ: масоили геоэкологӣ, хатар ва роҳҳои ҳалли он”, н.и.т., Бобохонов Ф.Ш. – мудири кафедраи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзуи “Пиряхҳо: реҷа ва захираҳои он” маърӯзаҳо намуданд.