ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУССИЯ

        Бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малаки касбӣ омӯгорон 15 нафар омӯзгорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 то 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия курси такмили ихтисос оид ба усулҳо ва шаклҳои фаъол ва интерактивии омӯзиши забони русӣ барои давлатҳои хориҷи наздику дур баргузор гардид, ки дар ин чорабини омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара Давлатова Умеда Муродалиевна ширкат намуд.
       Чорабинии мазкур бо даъвати фонди “Моя история” ва Вазорати маорифи Федератсияи Руссия таҳти унвонии “Учу великому” аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии педагогии Олтой суръат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки курси такмили ихтисоси омӯзгорони забон ва адабиёти руси кишварҳои хориҷи дуру наздик дар ш. Москва барои баланд бардоштани таҷрибаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд. Ҳамчунин барои муттаҳид намудани омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани рушди касбӣ ва такмили усулҳои навини таълим мебошад. Ҳамаи омӯзгорони забон ва адабиёти русӣ муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз такмили ихтисос бомуваффақият гузашта, соҳиби “Сертификат” (Шаҳодатнома) гардиданд.