БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

        11 декабри соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” дидан намуданд. Дар ҷараёни боздид, бо шароити фароҳамгардида барои таълиму тадриси донишҷӯён, омодагии синфхонаю биноҳои таълимӣ ба зимистонгузаронӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ изҳор доштанд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 баҳри зимистонгузаронӣ системаи ягонаи гармидиҳиии донишгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, тамоми биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну омӯзгорон ба он пайваст буда, ангишт ва дигар маводи сухт дар ҳаҷми зарурӣ захира карда шудааст.

      Коллективи меҳнатии Донишгоҳии давлатии Данғара ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯи касбиву илмии худро сафарбар намуда, баҳри тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори озоди меҳнат саъю талош намудаистодаанд.