ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ СИТОД ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

       16 декабри соли 2024 бо назардошти фаъолияти ситоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара баҳри эмин нигоҳ доштани дарахтон аз шикасташавӣ ва тозаю озода намудани роҳравҳо аз қабати барф, аз ҳисоби кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ситоди умумидонишгоҳӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар доираи он ландшафти гирду атрофи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои омӯзгорон, донишҷӯён, кӯчаҳои Марказӣ ва Советии ҷамоати шаҳраки Данғара аз барф тоза карда шуд.