Саҳифаи наву рангине дар таърихи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” боз шуд. Дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №34/шд ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик ва 6D020502 – Забони тоҷикӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) ва 10.02.00 – Забоншиносӣ (10.02.01 – Забони тоҷикӣ) Шурои диссертатсионӣ таъсис ёфт.
Падидаи мазкур барои Донишгоҳи давлатии Данғара дастоварди бузурги илмӣ буда, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дорои тахассуси олӣ мусоидат хоҳад кард. Дастоварди таърихии навбатӣ, ба коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара фархунда бод!