НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

       5 феврали соли 2025 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту муассисаҳо, дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, муовини аввал, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва марказҳо, деканони факултетҳо ва 47 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

      Сараввал ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳузури намояндагони ВАО-ро ба Донишгоҳи давлатии Данғара хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ дар соли 2024 резахбор пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти хешро тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ намуда, дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаистодааст.

​       Аз боз гардидани саҳифаи наву рангине дар таърихи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” мужда дода шуд, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №34/шд ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик ва 6D020502 – Забони тоҷикӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) ва 10.02.00 –​ Забоншиносӣ (10.02.01 – Забони тоҷикӣ) ​ аввалин Шурои диссертатсионӣ таъсис ёфт.

​ Дастовардҳои муҳим дар соли 2024:

1. Таҳияи Стратегияи рушди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” барои солҳои 2024-2028;

2. Се ҷой (1 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст».

3. Ҷойи 3-юм дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман».

4. Аз Аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузаштани донишгоҳ;

5. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон 12-нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд (2-нафар рисолаи докторӣ, 10-нафар рисолаи номзадӣ);

6. Тасдиқи 2-адад лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маблағи 832 827 сомонӣ.

7. Таҳияи 2-адад лоиҳаи грантӣ ва пешниҳоди онҳо ба шарикони рушд;

8. Ба андозаи назаррас зиёд шудани теъдоди созишномаҳои ҳамкорӣ ва татбиқи созишномаҳои мавҷудбуда дар самти мубодилаи академии донишҷӯён;

9. Аз 1-уми январи соли 2025 бо андозаи 10% зиёд намудани музди маоши ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ;

10. Аз таъмири капиталӣ баровардани хобгоҳи писарон, хоҷатхонаи саҳроӣ ва пурра бо оби гарм таъмин кардани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён;

11. Дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 аз ҷониби олимони донишгоҳ 4-адад китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад.

Ҳамзамон дар соли 2024 18-адад нақшаи таълимӣ барои таҳсилоти рӯзона ва 20-адад нақшаи таълимӣ барои таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, 6-адад нақшаи таълимӣ барои зинаи магистратура, 10-адад нақшаи таҳсилоти дуюми олӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

​Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 Донишгоҳро 16 ҳазору 300-нафар довталаб интихоб карданд.

Шумораи умумии донишҷӯён ба санаи 31.12.2024 8521-нафар (4497-нафар таҳсилоти рӯзона, 4024-нафар таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона)-ро ташкил медиҳад. Аз инҳо:

2009-нафар тариқи буҷавӣ,

6512-нафар тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла, 3310-нафар духтар, 5211-нафар писар.

130-нафар магистр.

18-нафар ятими кул.

11-нафар маъюб.

158-нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

​1180-нафар донишҷӯ (59,1%) дар Донишгоҳ стипендия мегиранд. Аз ҷумла, 3-нафар гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба соли 2023 1-нафар зиёд буда, 6-нафар гирандагони стипендияи “Дӯстӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон, 1-нафар гирандаи стипендияи Шурои олимони Донишгоҳ ва 1-нафар гирандаи стипендияи Ректори Донишгоҳ мебошанд.

​Сатҳи донишазхудкунӣ дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 4,1% беҳтар шудааст.

Воситаҳои методиву таълимии электронӣ тариқи планшетҳо ва ноутбукҳо паҳн гардида, қисм ба қисм дар ҷараёни таълим тадбиқ карда шуда истодаанд.

​Айни замон, дар донишгоҳ 748 таҷҳизоти гуногуни технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Аз ҷумла:

- 400-адад компютер, 80-адад ноутбук, 100-адад принтерҳои навъи гуногун, 100-адад UPS, 13 WiFi-роутер, 12-адад проектор, 50-адад тахтаи электронӣ, 2-адад планшети деворӣ, 16-адад экрани банерӣ, 1-адад барномаи зиддивирусии литсензионӣ барои 300 компютер, 1-баста барномаи таълимии 1С бухгалтерӣ.Дар донишгоҳ 10 синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла, 2 маркази интернетӣ бо 1 китобхонаи электронӣ мавриди истифодаи таълимгирандагон қарор доранд. Соли ҷорӣ 1 синфхонаи компютерӣ бо компютерҳои замонавӣ (100-адад моноблок) ба истифода дода шуд.Теъдоди умумии хатмкунандагон аз рўйи ҳамаи ихтисосҳо ба 1645-нафар (869-нафар аз рӯйи таҳсилоти рӯзона, 690-нафар аз рӯйи таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти дуюми олӣ ва 86-нафар дар зинаи магистратура) баробар аст.

         ​Дар маҷмуъ, аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуданд, 19-нафар (17-нафар таҳсилоти рӯзона ва 2-нафар таҳсилоти фосилавӣ) ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф гардиданд. Дар бахши дигари нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маҷмуи саволҳо пешниҳод гардид, ки ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба саволҳои мазкур бо овардани нишондиҳандаҳо ва мисолҳои возеҳ ҷавобҳои мушаххас ва қаноатмандкунанда доданд.

​        Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара эълом дошт, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо намояндагони воситаҳои ахборӣ омма баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия зимни тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ба роҳ хоҳад монд.