20-уми феврали соли 2025 духтарон ва бонувони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” дар даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" ва "Кадбонуи беҳтарин", ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Хуррамшаҳр" баргузор шуд, фаъолона иштирок намуда, бо Сипосномаи Мақоқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадршиносӣ гардиданд.
Дар ин ҳамоиш духтарону бонувони Донишгоҳ намудҳои зиёди либоси миллӣ “Чакан” ба бар намуда, анвои хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти нонии омоданамудаи худро ба намоиш гузоштанд.