ИФТИТОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ

          27 феврали соли 2025 маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №34/шд ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик ва 6D020502 – Забони тоҷикӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) ва 10.02.00 – Забоншиносӣ (10.02.01 – Забони тоҷикӣ) таъсис ёфтааст, баргузор гардид.

            Дар маросими ифтитоҳ, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ – ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, Шарифзода Мумин Машокир – муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Ҳокимхон Сафолиён – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

           Нахуст ректори Донишгоҳ профессор Шукрулло Хайрзода - суханронӣ намуда, таъсиси Шӯрои дисертатсиониро, яке дастовардҳои арзишмандӣ олимону устодони Донишгоҳ ва ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, қайд намуд, ки илму маориф дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

          Шарифзода Мумин Машокир – муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ихтисосҳои номбурда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ба ҳисоб рафта, ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар ин самт барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои дорои тахассуси олӣ равона шудааст. Зарур аст ба қадри заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, шогирдони донишмандро тарбия карда, дастовардҳои илмии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем.

           Вализода Ҳокимхон Сафолиён – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ ва ҳайати Шўроро ба ҳозирин шинос намуда, таъкид кард, ки итминони комил дорам Шӯрои дисертатсионии мазкур дар оянда барои пешравии аз ин ҳам бештари илми тоҷик хизмати шоиста хоҳад кард.

           Дар охир, Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” – Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз номи ҳайати устодону профессорони Донишгоҳ миннатдориву сипоси бепоёни худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ ва боло бурдани нуфузи илми тоҷик дар ҷаҳони муосир, инчунин таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

         Ҳамчунин, ректори Донишгоҳ ба раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Шӯро дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара изҳори сипос намуданд.