7 марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар – 8 март ҳамоиши тантанавии идона таҳти унвони “Дуои Модар” баргузор шуд.
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни сухани ифтитоҳӣ-табрикотии хеш ҳайати коллективи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро табрику таҳният гуфта, зикр доштанд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Дар ҳошияи чорабинӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Данғара зумрае аз бонувони донишгоҳ, барои фаъолияти босамари меҳнатӣ ва саҳми муносиб гузоштан дар рушди донишгоҳ ва бахшида ба 8-уми март – Рӯзи Модар бо Ифтихорнома ва ғолибони номинатсияҳои “Аллаи Модар”, “Расми Модар” ва “Қироати шеъри Модар”-и Озмуни умумидонишгоҳии «Дуои Модар» дар байни донишҷӯдухтарони факултетҳо бо Диплом ва мукофотпӯлӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин, бо иқдоми Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара баҳри дар амал татбиқ намудани аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” ва бахшидаи ба Рӯзи Модар – 8 март, ба кулли бонувони донишгоҳ куртаи миллии “Атлас” тақдим карда шуд.
Дар қисмати дигари ҳамоиш аз ҷониби шуъбаи фарҳанги донишгоҳ барномаи фарҳангии иборат аз шеър, суруду таронаҳо ва саҳнаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ пешниҳоди иштирокчиён карда шуд, ки ба ҳусни чорабинӣ зиннати идона бахшид.