БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОХИЛИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

    Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарëфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, инчунин тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат як қатор озмунҳо ба роҳ мондашуанд.

    Санаи 18-уми марти соли 2025 даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони донишгоҳ баргузор гардид, ки 13 нафар ғолибон аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

   Бояд зикр намуд, ки марҳилаи омодагиҳо ба озмуни мазкур аз оғози соли таҳсил бароҳ монда шуда, дарсҳои иловаги рӯйи номинатсияҳо ба роҳ монда шудааст.