(бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” 18 марти соли 2025)
Ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ки бо қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд, ба он оварда расонид, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.
Маҳз дар радифи ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат санаи 18.03.2025 бо ташаббуси садорати факултети муҳандисӣ ва меъморӣ ва раёсати илм ва инноватсия конференсияи донишгоҳии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “МАСОИЛИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР”, ки бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” роҳандозӣ шуда буд, дар сатҳи олӣ баргузор гардид.
Чуноне ки зикр гардид, конференсияи мазкур дар ҳошияи қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 14-уми декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона тасдиқ намуда буд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида буд, баргузор гардид.
Дар кори конференсия ҳайати олимону профессорон, омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯён ширкат варзида, масъалаи об, захираҳо ва сарчашмаҳои он, инчунин масълаи ҳифзи пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар конференсия мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим;
Пиряхҳои набзӣ: холат ва тавсифи онҳо;
Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст;
Тољикистон ташаббускори њалли мушкилоти об ва њифзи пиряхњо дар сайёра;
Пешвои миллат ва масъалаҳои глобалии обу пиряхҳо;
Мониторинги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конференсия дар иқтибос аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки масъалаи сарчашмаи оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлату ҳукумат қарор дорад. Чуноне, ки Пешвои миллат зикр намудаанд: “Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод”.