ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

(дар ҳошияи таҷлил аз “Рӯзи илми тоҷик”)

      Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар Донишгоҳи давлатии Данғара чорабиниҳои илмӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар доираи “Ҳафтаи илм” аз 21.04.2025 оғоз гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии ҳайати олимону профессорон, омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳошияи таҷлил аз “Рӯзи илми тоҷик”, бахшида ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (2020-2040), санаи 21.04.2025, соати 10:00 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид.

      Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия олимони варзидаи кишвар, аз қабили Пиризода Ҷалил Сафар – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АИКТ ва Мирзоев Азиз Қиматович – номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1.Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ – Пиризода Ҷалил Сафар – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АИКТ;

2.Проблеммаҳои экологии баҳри Арал ва таъсири он ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ – Мирзоев Азиз Қиматович – номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ;

3.Касалиҳои занги гандум – паҳншавӣ ва аломатҳои хоси онҳо – Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ – н.и.к., дотсент, мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара.

Чорабинии мазкур бо музокирот ва саволу ҷавоб миёни баромадкунандагон ва иштирокдорони ҷаласаи конференсия ба анҷом пазируфт.

Бояд қайд намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар доираи “Ҳафтаи илм” аз 21.04.2025 то санаи 25.04.2025 дар 6 бахши зерин идома хоҳад ёфт:

1.Бахши илмҳои кишоварзӣ;

2.Бахши илмҳои иқтисодӣ;

3.Бахши илмҳои гуманитарӣ;

4.Бахши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ;

5.Бахши илмҳои филологӣ;

6.Бахши илмҳои педагогӣ.