(баргузории чорабиниҳои илмӣ дар доираи “Ҳафтаи илм”)
БАХШИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗӢ
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида вобаста ба ташкил намудани чорабиниҳои илмӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” ва баргузории “Ҳафтаи илм” дар Донишгоҳи давлатии Данғара санаи 22.04.2025 БАХШИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ конференсияи умумидонишгоҳии ҳайати олимону профессорон, омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳошияи таҷлил аз “Рӯзи илми тоҷик”, бахшида ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (2020-2040), зери унвони “Заминаҳои агроэкологии мутобиқати растанию ҳайвонот дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки ин бахши конференсия дар татбиқи яке аз стратегияҳои асосии рушди мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” баргузор гардида, дар он масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори конференсия муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим н.и.к., дотсент Музафарзода Д.М., муовини ректор оид ба илм д.и.и., дотсент Қодирзода Х.Қ., декани факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ н.и.к., дотсент Ҳафизов А.А., мудири кафедраи агротехнология, н.и.к., дотсент Расулзода Б.Р. ва ҳайати васеи олимону профессорон, унвонҷӯёну донишҷӯёни факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ иштирок намуданд.
Дар ин бахши конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1.Парвариши зироатҳо дар кишти такрорӣ барои истифодаи самараноки заминҳои обӣ – н.и.к., дотсент Музафарзода Д.М.;
2.Омилҳои технологияи парвариши гандуми тирамоҳӣ дар шароити тағйирёбии иқлим – н.и.к., дотсент Расулзода Б.Р.;
3.Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дар шароити тағйирёбии иқлим – н.и.к., дотсент Ҳафизов А.А.;
4.Маҳсулнокии навъҳои зироатҳои хўроки чорво вобаста ба технологияи парвариш – н.и.к., и.в. дотсент Мирализода Ҷ.Р.;
5.Самарабахшии табобатию пешгирикунандаи маводи оксисулфален дар пастереллёзи бузу гӯсфандон – ассистенти кафедраи тибби байторӣ Давлатов И.М.;
6.Омӯзиши таъсири меъёри кишт ва усули кишт ба ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ дар шароити заминҳои лалмии ноҳияи Данғара – унвонҷӯи кафедраи агротехнология Зайнуллоев Ф.
Дар охири ҷаласа кори бахши конференсия бо мубодилаи афкор, музокирот ва саволу ҷавоб миёни баромадкунандагону иштирокчиён ҷамъбаст гардид.